ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Президенти Ироқ сафири Тоҷикистонро  ба ҳузур пазируфт 

Президенти Ироқ сафири Тоҷикистонро  ба ҳузур пазируфт 

18 апрел 2023, Сешанбе
9
0


Президенти Ҷумҳурии Ироқ Абдулатиф Ҷамол Рашид сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (қароргоҳ дар Ал-Қувайт) Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Ироқро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, перомуни масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.


Вохӯрии вазири кишоварзӣ бо сафири Туркия
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода дар вохӯрӣ бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар гуфт, ки Тоҷикистон ба фаъолияти Дафтари ҳамоҳангсозии Барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар самти беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникии ташкилотҳои зертобеи Вазорат, бунёди боғи интенсивӣ, гармхона, таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо картошка, хоҷагиҳои аҳолӣ бо занбӯри асал ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ баҳои баланд медиҳад. 
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорат хабар медиҳад, ки вазир бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки 18 декабри соли 2012 дар шаҳри Анкараи Туркия ба имзо расида буд, саҳифаи наверо дар рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ миёни ду кишвар боз намуд.


Бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар Мурғоб   
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои корҳои ободонию сохтмонӣ дар ноҳияи Мурғоб ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Баҳодур Шерализода дар бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ бо масоҳати 2 гектар дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб иштирок намуд, - хабар доданд аз Кумита. 
Баҳодур Шерализода бо раисони ВМКБ, ноҳияи Мурғоб, дигар шахсони расмӣ ва сокинони ноҳия дар шинондани 1500 бех ниҳолҳои хуч, ангат ва беди сафеди шуғнонӣ дар маҳалҳои аҳолинишини Ҷамоати деҳоти Мурғоб иштирок намуданд.
Ноҳияи Мурғоб яке аз дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ симои худро ба куллӣ дигар кардааст. Корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи пешбинигардида идома доранд.


Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз Қалъаи Хуҷанд
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – 
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми роҳбарияти вилояти Суғд чанд сол аст, ки дар маркази вилоят корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти қадимаву нодир – Қалъаи Хуҷанд идома дорад. 
Корҳои таҷдиду таъмири иншооти таърихӣ бо ҷалби олимону бостоншиносон ва пажӯҳишгарон сурат гирифта, раванди корҳои сохтмонӣ  зери  назорати  доимии  раиси  вилоят  Раҷаббой  Аҳмадзода қарор дорад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои таъмиру таҷдиди иншооти таърихӣ шинос гардида, ҷараёни кори сохтмончиёну ороишгарон, пардозгарону наққошон, рассомон, тиллокорону ҳунармандонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо 250 ҳунарманд ва сохтмончӣ дар корҳои барқарорсозӣ ва бунёди бинои маъмурӣ, хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, осорхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи нақша пеш мераванд.


Намоишгоҳи байналмилалии  «Тоҷикистон – 2023» баргузор мешавад
Аз 4 то 7 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт  Намоишгоҳи байналмилалии универсалии  «Тоҷикистон – 2023» баргузор мешавад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи Намоишгоҳ мебошад, хабар медиҳад.
Таблиғи  маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, роҳандозӣ ва густариши равобити  тиҷоратӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар макони баргузории намоиш ва ҳамоиши соҳибкорон ҳадафи аслии Намоишгоҳ  арзёбӣ мегардад.
Дар назар аст, ки дар Намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ  аз  Тоҷикистон, Малайзия, Эрон, Туркия, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон, Беларус ва дигар давлатҳо маҳсулоти худро ба тамошо гузоранд.

Санаи нашр: 18.04.2023 №: 80
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив