ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Котиби генералии СҲИ Тоҷикистон ва Қирғизистонро табрик гуфт

Котиби генералии СҲИ Тоҷикистон ва Қирғизистонро табрик гуфт

18 март 2025, Сешанбе
9
0


«Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ 13-уми март дар шаҳри Бишкек баимзорасии шартномаро оид ба демаркатсияи сарҳад байни Тоҷикистон ва  Қирғизистон самимона истиқбол кард»,– хабар додааст Вазорати корҳои хориҷӣ. 
Котиби генералии Созмон Ҳусайн Иброҳим Тоҳо ҳар ду мамлакатро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки ин санад ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии байни онҳоро барқарор мекунад, эътимоди тарафайнро тақвият медиҳад ва ба ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии ду кишвари бародар такони нав мебахшад.


Дабири кулли СҲШ дар НБО “Роғун” 
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев дар доираи сафари хеш ба Тоҷикистон  аз сохтмони НБО “Роғун” дидан кард.  
АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки Н. Ермекбаев бо ҷараёни корҳо дар иншооти сохташавандаи Неругоҳ шинос шуда, изҳор намуд, ки бунёди ин иншооти муқтадиру муҳташам бо чунин лоиҳаи нодиру камназир барои рушди гидроэнергетикии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа муфид мебошад.


Мулоқоти муовини Сарвазир бо роҳбарияти ниҳоди занони СММ 
Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия оид ба мақоми зан, дар қароргоҳи СММ вохӯрии муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ бо муовини Дабири кулли Созмон, мудири сохтор оид ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон Сима Сами Баҳус баргузор гашт.
Тавре Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ додааст, зимни вохӯрӣ Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар татбиқи Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он ҷиҳати таҳкими баробарии гендерӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.


Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо директори генералии Донишкадаи обуҳавошиносии Финляндия
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо директори генералии Донишкадаи обуҳавошиносии Финляндия Петтери Таалас бо тариқи видеоӣ мулоқот дошт.
Дар он ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар самти обу иқлим, бавижа раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.


Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо 
Маҷмуи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо комиссари Иттиҳод оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела баррасӣ шуд. 
Ба хабарнигори мо дар Вазорат тавзеҳ доданд, ки зимни вохӯрӣ ба масъалаи ҷалби маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Форуми байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 
Дар шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (21-уми март) ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) Форуми ҷаҳонии олимон идома дорад.
Тавре хадамоти матбуоти АМИТ хабар медиҳад, Форум бо ташаббуси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти экология, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ва Институти хатарҳои кӯҳӣ ва экологияи Академияи илмҳои Чин ташкил шуд.  
Дар он масъалаҳои таназзули пиряхҳо, омӯзиши фосилавии онҳо, ҳамкории илмии байналмилалӣ дар самти илмҳои криосфера, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ мегарданд.


«Navruz Youth World Festival» 
Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Душанбе
17-уми март дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё маросими расмии кушодашавии Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» баргузор гардид.
Хабарнигори мо аз рафти ин чорабинии сатҳи баланд иттилоъ медиҳад, ки Фестивал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардида, ҳадаф аз он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.

Санаи нашр: 18.03.2025 №: 58
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив