«ГУЛИ МАТБУОТ»
Бо ҳамин ном дар арафаи Рӯзи матбуот бо ташаббуси Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» тариқи нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо теъдоди 200 нусха маҷмуаи очерку мақола ва лавҳаву мусоҳиба, ёддоштҳои журналистон перомуни ҳаёту фаъолияти Гулчеҳра Фозилова, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, собиқадори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон, ки зиёда аз 50 соли умрашро ба ин нашрия бахшидааст, аз чоп баромада, ба дасти хонандагон расид. Мураттиби маҷмуа Хуршед Ховарӣ, муҳаррир Шодихони Назар буда, китоб 21 мавод ва якчанд аксҳоро дар худ ғунҷондааст, ки ҳама бозгӯи хислатҳои неку симои ҷовидонаи Гулчеҳра Фозилова мебошанд.
«Мо, насли имрӯзаи матбуоти тоҷик, аз насли калонсол дар конфронсу ҳамоишҳо мешунавем, ки рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро «Мактаби тарбияи кадрҳо», «Мактабе дар роҳи дифоъ аз манфиатҳои миллӣ», «Минбари ҷавонон» ном мебаранд, ки маънои садоқат доштан ба ин мактабу ба ин коргоҳи эҷодӣ аст. Ва яке аз ин фидоии соҳаи матбуот Гулчеҳра Фозилова мебошад, ки давоми зиёда аз 50 соли кор аз ин остон ба остони дигар пой нагузоштааст». Ин маъниро аз ҳамаи матлабҳои маҷмуаи мазкур пай бурдан мумкин аст. Навиштаҳои Шодихони Назар, Зинатуллоҳ Исмоилзода, Шамсиддин Насриддинов, Сайёфи Мизроб, Шаҳло Эшонова, Фарзонаи Умаралӣ, Маҳинаи Давлат, Ситораи Саҳар ва дигарон пур аз меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамкору ҳампешаи худ Гулчеҳра Фозилова буда, ҳар нафар кӯшидааст, ки, ақаллан як ҳарфи вафо аз ҳамнишинӣ бо ин «модари матбуоти ҷавонон» гуфта бошад. Меҳрубон Салимшоев, рӯзноманигор, Гулчеҳра Фозиловаро «таърихи зинда»-и «Ҷавонони Тоҷикистон» номидааст, ки воқеият дорад. Ӯ дар тули фаъолияти худ се насли хабарнигоронро тарбия намуда, ба шоҳроҳи эҷод раҳнамо гаштааст.
Китоб барои онҳое, ки Гулчеҳра Фозиловаро мешинохтанд, ҳамроҳаш кор кардаанд, ҳамсоя будаанд ва барои ҳамаи алоқамандони соҳаи матбуот ва, алалхусус барои журналистони оянда, ёдномаест гаронбаҳо.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 19.03.2025 №: 59