ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ММТ. ФУРСАТ КАМ МОНД!

ММТ. ФУРСАТ КАМ МОНД!

18 апрел 2023, Сешанбе
27
0


Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми март марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 оғоз кард, ки то 30 апрел идома меёбад. Ин марҳалаи номнависӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад ва довталабон бештар аз ду ҳафтаи дигар вақт доранд.
Барои ташкил ва фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ Марказ дар асоси озмун 243 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиранда ба кор ҷалб кардааст. 
Муҳлати марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 30 апрел идома ёфта, дар фарқ аз солҳои гузашта, марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон бо раванди марҳалаи асосии бақайдгирӣ якҷо ҷараён дорад. 
Инчунин, соли ҷорӣ шумораи шаҳру ноҳияҳое, ки дар вақти бақайдгирӣ ба довталабон барои интихоб ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод мешаванд, 2-то (шаҳри Исфара ва ноҳияи Ёвон) зиёд гардид. Имтиҳонҳо низ соли ҷорӣ, вобаста ба ин, дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор хоҳанд шуд.
Марказ бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод шавад, барномаи “Интихоби ихтисос”-ро таҳия кард.  Барномаи мазкур, ки як навгонӣ дар соли ҷорӣ мебошад, дар ду гуна: (1) мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) аз мағозаи интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо аз сомонаи Марказ боргирӣ кардан мумкин аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.04.2023 №: 80
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив