Вохӯрии Президенти Туркманистон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 

03 апрел 2025, Панҷшанбе
15


Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар шаҳри Ашқобод дар вохӯрии вазирони «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» иштирок дошт, мулоқот намуд. 
Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар додааст, ки зимни вохӯрӣ ҳамсуҳбатон доираи васеи масоили ҳамкории  Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноат ва энергетика баррасӣ карда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду давлат  изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Истиқболи Созмони ҳамкории исломӣ аз имзои санадҳои таърихӣ 
Роҳбарияти Созмони ҳамкории исломӣ аз натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, истиқбол намуда, дар ин хусус  изҳороти расмӣ интишор дод.
Дабири кулли Созмон ҷаноби Ҳусайн Иброҳим Тоҳо се кишвар, президентҳо ва мардумони онҳоро бо ин дастоварди таърихӣ, ки раванди аломатгузории марзии миёни давлатҳо ва музокироти ҳалли баҳсҳои марзии беш аз се даҳсола идомадоштаро хотима дода, ба равобити стратегии онҳо такони нав мебахшад, табрик гуфт.


Иштироки Ҳоким Холиқзода дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ 
Муовини якуми Сарвазир – раиси Шурои иқтисодии ИДМ Ҳоким Холиқзода дар Форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои иштирокдори Иттиҳод иштирок ва суханронӣ намуд. 
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар ҷаласа ҳайатҳои васеи кишварҳои минтақа масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тадбирҳои мақомоти давлатӣ  дар робита ба дастгирии лоиҳаҳои сармоягузориву инноватсионӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рушди равобити кишварҳои ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти Ҳадафҳои рушди устувор 
2-юми апрел муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ дар Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувори Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE), ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор шуд, ширкат варзид.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария хабар медиҳад, дар чорабинӣ дар бахши сиёсии сатҳи баланди Форум Юсуф Маҷидӣ вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти Ҳадафҳои рушди устувор, ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим, «иқтисоди сабз», ҳамкорӣ бо СММ, инчунин шарикони рушд сухан ронд.

Долони нави мустақими ҳавоии Тоҷикистон ва Чин 
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳамоҳангсозони системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.
Ба мо аз КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ масъалаи ба масири транзитӣ табдил додани долони нави мустақими ҳавоии миёни Тоҷикистон ва Чин (POMIR-AGVUT) ва ҷалби ширкатҳои ҳавопаймоии дохилу хориҷ матраҳ гардид. 
Ҳамзамон, дар доираи сафари худ намояндагони воломақоми авиатсияи граждании Чин бо дафтарҳои корӣ, манораи танзимгарии «Тоҷикаэронавигатсия» ва фаъолияти таъмини хизматрасонии аэронавигатсионии корхона шиносоӣ пайдо намуданд.

Санаи нашр: 03.04.2025 №: 65