ОСИЁИ МАРКАЗӢ. ҚАБУЛИ СОЗИШНОМАЕ, КИ ГАРДИШИ МОЛУ МАҲСУЛОТРО ДАР МИНТАҚА МЕАФЗОЯД

03 апрел 2025, Панҷшанбе
18


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Созишнома дар бораи таҳкими алоқаи байниҳамдигарии нақлиёти рӯйизаминӣ дар Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар доираи 5-умин вохӯрии машваратии сарварони кишварҳо ва нахустин вохӯрии вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, ба тасвиб расид.
– Бо дарназардошти он, ки имрӯзҳо ҳаҷми боркашонӣ ва истифодаи пурраи иқтидорҳо, ташкили ҳамлу нақл яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб меравад, тасвиби санади мазкур барои татбиқи амалии ҳадафҳо дар ин самт саривақтӣ арзёбӣ мегардад, – гуфт Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи мазкур. 
Ба қавли вазир, ин ҳуҷҷат вобаста ба васеъ намудани ҷуғрофиёи ҳамлу нақл тавассути нақлиёти заминӣ равона гардида, аз тарафи дигар барои ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, тасдиқи Созишномаи мазкур барои истифодаи иқтидорҳои тиҷоратӣ ва баланд бардоштани гардиши мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла, роҳандозии интиқоли маҷмуавӣ дар долони нақлиётии Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон– Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо мувофиқи мақсад мебошад. Созишнома аз ҷониби ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон ҷонибдорӣ гардида, бо гузарондани расмиёти дохилидавлатӣ дар марҳалаи тасдиқ қарор дорад. 
Қабули Созишнома имконияти бештарро барои рушди логистика, содироти маҳсулоти ватанӣ ва истифода аз бандарҳои обии минтақа фароҳам меорад. Аз лиҳози масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ бошад, ин ҳуҷҷат танҳо паёмади хуб, алалхусус, таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, барқарор шудани муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо, рушди сайёҳӣ ва зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот мусоидат менамояд. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 03.04.2025 №: 65