ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ. РӮЗИ ПОЙТАХТ БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ШУД
Дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарият, устодони унвондор, собиқадорон, кормандон, донишҷӯёни гирандаи стипендияи президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат”, бахши ҷавонону духтарон, устодони кафедраи ҳарбӣ, кормандони шуъбаи бехатарӣ, омӯзгорону муҳассилини самти тиббию фарматсевтӣ, беш аз 100 варзишгар ва омӯзгорону толибилмони Литсейи Донишгоҳ иштирок доштанд.
Роҳпаймоӣ дар доираи иқдомҳои ташвиқотии роҳбарияти Донишгоҳ сурат гирифта, тарроҳии он тарғибгари иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар масъалаи обу иқлим ва сохта ба истифода додани неругоҳи бузург иборат буд.
Ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳоду сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, гузаштан аз майдон башорати зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди кишвар дониста мешавад. Пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоту ташаббусҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ хеле зебову замонавӣ шудааст.
– Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик бо оинҳои деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва бунёди марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардидааст. Ҳастии ҳар як миллат ва Ватан, бевосита дар қалби он, яъне пойтахташ нуҳуфтааст, ки дар баробари Модар ва Ватан азизу гиромӣ мебошад, - таъкид намуд ректори Донишгоҳ.
Баъди роҳпаймоӣ барномаи фарҳангиву маърифатии дастаи овозадори “Наврӯз”- и Донишгоҳ манзури меҳмонону иштирокчиён гашт.
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА,
коромӯзи “Ҷумҳурият”