IT-PARK ДУШАНБЕ – "ПУЛИ РАҚАМӢ" БАРОИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР

10 апрел 2025, Панҷшанбе
12
7-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳи расмии IT-Park баргузор гардид. Он дар доираи ҳафтаи
“ICT WEEK-2025” сурат гирифт, ки аз 7-ум то 10-уми апрел идома ёфта, намоишгоҳҳо, форумҳо, озмунҳо ва мастер-классҳоро дар бар мегирад.
Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ нахуст аз намоишгоҳи гӯшаҳои технологии маҳсулоти барномавӣ дидан намуданд. Рустами Эмомалӣ бо имкониятҳо ва дастовардҳои рақамии ширкатҳои ватанӣ шинос шуда, бо намояндагони онҳо суҳбат анҷом дод. Намоишгоҳ имконияти хуберо барои муаррифии маҳсулоти технологии ширкатҳои маҳаллӣ ва иқтидорҳои онҳо фароҳам овард.
IT-Park Душанбе яке аз иқдомҳои муҳим дар самти татбиқи сиёсати давлат оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ба ҳисоб меравад. Чорабинии мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, идомаи тадбирҳои муҳими солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) маҳсуб меёбад.
Айни ҳол дар ҳудуди IT-Park Душанбе 11 ширкати ватанӣ мақоми аъзои доимиро соҳиб шуда, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Мақсад гузошта шудааст, ки то охири соли 2025 зиёда аз 100 ширкати дигар ба ин марказ ҷалб карда шавад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки дар як макон беҳтарин мутахассисон, соҳибкорон ва инноваторон ҷамъ омада, ҳамкориро тақвият бахшанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир инноватсия ҳамчун муҳаррики асосии рушди устувори кишварҳо ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон низ ҳамчун узви иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти хоссаи ин равандҳоро ба назар гирифта, ба марҳалаи нави рушди рақамӣ ворид гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе дар идомаи суханронӣ ба масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дод, ки ҳарчи зудтар лоиҳаи таъсиси мактаби барномасозӣ таҳия гардад ва дар муддати кӯтоҳтарин корҳои сохтмони он оғоз ёбанд. Зикр гардид, ки тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар самти IT барои ояндаи Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад.
Рустами Эмомалӣ баён намуд, ки таъсиси IT-Park Душанбе на танҳо барои дастгирии ширкатҳои дохилӣ, балки барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Дар оянда IT-Park ба маркази бузурги инноватсионӣ табдил меёбад, ки дар он маҳсулоти рақамӣ, хидматрасониҳои нав ва лоиҳаҳои муосири технологӣ роҳандозӣ мешаванд.
Воқеан, IT-Park Душанбе, ҳамзамон ҳамчун шарики боэътимод дар муносибат бо сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият ва барои ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.04.2025 №: 69