СУҒД. СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ
Рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати кишвар пайваста барномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ҷиҳати рушди сайёҳӣ роҳандозӣ менамояд. Андешидани чораву тадбирҳои амалӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори соҳа боис шудааст, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзун шавад.
Дар вилояти Суғд низ баҳри ҷалби меҳмонон ба мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мунтазам амалӣ мешаванд. Натиҷаи чунин тадбирҳост, ки танҳо дар соли 2024 беш аз 1 миллион меҳмони хориҷӣ ба вилоят ворид шуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2023-юм 261,9 ҳазор нафар зиёд аст.
Соли гузашта сайёҳон, асосан, аз кишварҳои Олмон, Лаҳистон, Чин, Ҷопон, Булғористон, Италия, Канада, Австрия, Туркия, Испания, Молдова, Фаронса, Шведсия, Филиппин, Австралия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Бангладеш, Ҳиндустон ва Малайзия ба вилоят омаданд. Қисмати зиёди сайёҳонро меҳмонон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ташкил дод, ки ин нишондод ба 715478 нафар расид.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 24 осорхона ва 97 зиёратгоҳ мавҷуд мебошад.
Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз маконҳои пурбинандатарин ва мақбули сайёҳон дар вилояти Суғд мебошад. Бино ба иттилои корманди Маҷмаа Нодирахон Олимова, давоми ду моҳи аввали соли равон 249 сайёҳ ба Маҷмаа ташриф овардааст.
Тибқи маълумоти шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, соли 2024 ҳаҷми хизматрасонӣ дар субъектҳои сайёҳӣ ба 793,2 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 130,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.04.2025 №: 69
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН