ФУТБОЛ
Тими наврасони кишвар ба Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025-ро бомуваффақият анҷом дода, ба даври чорякниҳоии ин мусобиқа ва ба Чемпионати ҷаҳон-2025 роҳ ёфт.
Дастаи мо дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё дар гурӯҳи «D» бар дастаҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) ғалаба карда, аз тими Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (0:3) шикаст хӯрд ва бо 6 хол ҷойи аввалро гирифт. ҶХДК, ки бо 5 хол ҷойи дуюмро дар гурӯҳ сазовор шуд, низ ба чорякфинал баромад. Дар чорякфинал мунтахаби наврасони кишвар бо Корея вомехӯрад. Бозии дастаҳо шаби 14-уми апрел баргузор мешавад.
Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан футболбозони навраси мо дар чемпионатҳои ҷаҳон дар Корея (2007) ва Бразилия (2019) ширкат карда буданд.
Чемпионати ҷаҳон-2025 моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад. Аз қораи Осиё, дар баробари Тоҷикистон, Қатар (мизбон), Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Корея ва ҶХДК ҳуқуқи ширкат дар Чемпионати ҷаҳонро пайдо карданд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН