ГУЛИСТОН ГУЛИСТОН МЕШАВАД
Шаҳри Гулистон, ки худ боғшаҳрест дар соҳили «Баҳри тоҷик», ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қабои нав ба бар мекунад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таваҷҷуҳи асосиро ба бунёди иншооти соҳаи саноат равона сохтааст, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат омили таъсиррасон аст.
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ РАНГ БУНЁД МЕЁБАД
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, айни замон дар шаҳр сохтмони ҶДММ “Тиглат” идома дошта, он ба истеҳсоли рангҳои бинокорӣ ва хокаи ороишиву пардоздиҳӣ нигаронда шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти муосир идома дошта, бо ба фаъолият пардохтани он 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид шуда, ба ҷуз рангҳои сохтмонӣ, истеҳсоли қуттиҳои гуногунҳаҷм низ ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмуъ, дар ин корхона то 20 намуди ранг истеҳсол хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар минтақаи саноатии шаҳр сохтмони сардхонаи ҶДММ “Сеганҷ” ҷараён дорад. Он бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд ёфта, барои 600 тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст. Дар сардхона, асосан, мева ва маҳсулоти гӯштӣ нигоҳдорӣ хоҳад шуд.
“ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ”
Хатти нави истеҳсолӣ иқтидорро меафзояд
Дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” бошад, ояндаи наздик хатти нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегирад. Таҷҳизоти нав аз Белгия ворид гардида, дар як шабонарӯз то 4 ҳазор метри мураббаъ қолин истеҳсол менамояд.
Айни замон дар корхона 500 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Маҳсулоти он ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия ва Қазоқистон содирот мешавад. Қолинҳои истеҳсолшуда бо сифати баланд, нақшу нигор ва услуби хос дар бозор талаботи зиёд дорад.
ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД
Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки ба пешвози Ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бинои сеошёнаи Маркази саломатии шаҳр навсозӣ мешавад. Он дорои 115 ҳуҷра буда, барои боз ҳам беҳтар гардондани хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Дар Марказ нуқтаҳои нави хизматрасонии шабонарӯзии осебшиносӣ ва дандонпизишкӣ мавриди истифода қарор мегирад.
М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН