РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР АМИТ ТАҶЛИЛ ГАРДИД
14-уми апрел бахшида ба Рӯзи илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Пеш аз оғози ҷаласа олимони Академия дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик гулчанбар гузошта, аз хизматҳои арзишманди онҳо ёдовар шуданд.
Дар оғози ҳамоиш Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳо таъкид намуд, ки истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалӣ омили муҳими рушди устувор дар ҳар давлат мебошад. Бо назардошти аҳамияти хоссаи ин самти афзалиятнок, дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал татбиқ мегарданд.
«Моро зарур аст, ки ба омода намудани мутахассисон дар зинаҳои магистратура, докторантура ва посдокторантура диққати асосӣ равона намоем. Ба ин зинаҳо мо бояд ҷавононеро ҷалб намоем, ки дар рушди илми ватанӣ саҳм мегузоранд. Бо мақсади омода намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ бо ташаббуси АМИТ зинаи посдокторантура таъсис дода шуд. Шуруъ аз оғози соли таҳсили 2024-2025 аз рӯйи 46 ихтисос ба он посдокторантон қабул карда мешаванд», – гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Таъкид шуд, яке аз масъалаҳои дигари муҳиме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни ироаи паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, дар вохӯрию суҳбатҳо бо олимон ва аҳли зиё гузоштаанд, пайванди илм бо истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои олимон дар истеҳсолот мебошад. Бо ин мақсад, имсол тавассути баргузор намудани машварати илмӣ дар мавзуи «Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо» дар ҳамкорӣ бо корхонаю муассисаҳои гуногун 6 лоиҳаи нави инноватсионӣ муаррифӣ гардид. Муаллифони лоиҳа дар робита ба таҳқиқоташон патент гирифтаанд.
Ҳамзамон, зимни ҷамъомад ба олимоне, ки соли 2025 соҳиби ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста шудаанд, диплом, ба кормандон медали «50 соли фаъолияти бефосила дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ба кормандони илмӣ ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супурда шуд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН