МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНӢ. МАСЪУЛИЯТИ МАНУ МО

18 апрел 2025, Ҷумъа
12
Роҳбарияти давлат барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Хусусан, дар шаҳри Душанбе чанд соли охир биноҳои наву боҳашамат, роҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои савдо сохта шуда, хизматрасонии нақлиёти замонавӣ ва хизмати маишӣ беҳтар гардидааст. Ин ҳама барои мо – сокинон нигаронида шудааст ва бояд рафтори мо низ ба замони муосир мувофиқ бошад.
ДАР РОҲ
Ҳар кадоми мо ҳамарӯза хоҳ аз нақлиёти ҷамъиятӣ, хоҳ аз автомобилҳои шахсиамон истифода мекунем ва шоҳиди ҳодисаҳои гуногун мегардем. Риоя нагардидани одитарин қоидаҳои роҳ аз ҷониби пиёдагардону рондандагон моро асабӣ мекунад.
Қабл аз ҳама, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бояд донанд, ки онҳо тарбиятгаранд, сокинони пойтахтро дар роҳи расидан ба маданияти шаҳрдорӣ тарбия мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо, ки садҳо нафаранд, бояд аз паси миллионҳо нараванд, балки он миллионҳоро аз паси худашон баранд. Барои ин ронандагон бояд барои ду-се сомонӣ дар ҳар куҷое, ки рост омад, наистанду мусофир нагиранд ва нафуроранд. Сокинон низ бояд барои ба автобус савор шудан, ба истгоҳ раванд. Масъалаи дигар пардохти роҳкиро аст. Аз соли 2018 дар пойтахти кишвар пардохти роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст ва арзонтар нисбат ба пардохти нақдӣ мебошад. Шоҳид мегардем, ки баъзеҳо ба ронанда 50 ҳатто 100-200-сомонӣ дароз мекунанд ва ронанда ҳам онро барои 2,5 сомонӣ майда мекунад, ки вақти дигар мусофирон зоеъ мешавад. Бо телефон баланд гап задан дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, бетартибии хонандагони мактаб, гирифтани бори зиёд дар автобусҳо, аз ҷойҳои мамнуи роҳ гузаштани пиёдагардон, дар хатҳои дуюму сеюми роҳ таваққуф кардани микроавтобусҳо ва налиёти шахсӣ, рӯзона дар кӯчаҳои шаҳр ҳаракат кардани нақлиёти боркаш, ки боиси танбашавӣ дар роҳ мегарданд, аз мушкилоти дигари соҳа мебошанд.
Масъалаи дигар нақлиёти ба пойтахт воридшаванда ё таксиҳое, ки аз минтақаҳо ба Душанбе меоянд, мебошад. Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе таксиҳое, ки ба пойтахт ворид мешаванд, бояд дар ҷойҳои муайяншуда қарор гиранд – аз самти шарқ (минтақаҳои Кӯлобу Рашт, Нораку Ваҳдату Файзободу Роғун) дар терминали “Шарқ”, аз самти ҷануб дар дарвозаи ҷанубии пойтахт, аз самти шимол (вилояти Суғд) дар терминали “Чорбоғ”, аз самти ғарб (Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор) дар дарвозаи ғарбӣ. Аммо тибқи мушоҳидаҳо ба ғайр аз нақлиёти воридшаванда аз шимол, дар дигар самтҳо муқаррарот риоя намешавад. Таксиҳои минтақаи Бохтар дар назди бозори “Саховат” мусофир мегиранд, минтақаи Кӯлоб дар Маркази ташхиси автомобилҳо, ноҳияи Данғара дар назди бозори “Ганҷина”, ноҳияи Ёвон дар чорроҳаи маҳаллаи 46-ум, ноҳияи Файзобод дар назди маркази савдои “Ваикики” (“Садбарг”), шаҳри Норак дар назди саристгоҳи Роҳи оҳан. Таксиҳои самти Ваҳдат бошад, ҳам дар назди меҳмонхонаи “Душанбе” мусофир мегиранд, ҳам дар назди маркази савдои “Садбарг”, ҳам дар гардиши Фурудгоҳ ва ҳам дар маҳаллаи Обшорон. Бисёр вақт дар ин ҷойҳо таксиҳо ва микроавтобусҳо ду хатти ҳаракатро банд мекунанд, болои хатти пиёдагарду сари гардиш меистанд. Ҳатто ин манзара дар назди нозирони роҳ низ сурат мегирад ва онҳо ҳеҷ чорае намеандешанд.
Ҳамаи ин дар ҳолест, ки бо зиёд шудани аҳолии пойтахт, табиист, ки шумораи нақлиёт низ меафзояд. Бо беҳ шудани шароити зиндагӣ, феълан ҳар оила як ё ду автомобил дорад. Дар баробари ин, ҳудуди 10 ширкати хизматрасонии таксӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва хизматӣ амал мекунанд, ки шумораи автомобилҳояшон ба беш аз 15000 мерасад.
Хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ бояд бозбинӣ карда шаванд. Дар баъзе самтҳо то 8-10 хатсайр ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар самти аз терминали “Шарқ” то “Садбарг” автобусҳои рақамҳои 2, 4, 7, 15, 43, троллейбусҳои 9, 10, микроавтобусҳои 15, 18, 39, дар ин миён автобусу троллейбусҳои рақамҳои 37, 8, 2, 4 ҳамроҳ мешаванд. Баъзан ҳамаи ин нақлиёт дар як истгоҳ ба ҳам меоянд ва бадгӯиву дағаливу дашному “сигнал”-ҳои гӯшхарош ба авҷ мерасанд. Дар ҳар хиёбон як ё ду хатсайр мавҷуд бошад, кифоя аст. Мисли хиёбони Рӯдакӣ, ки танҳо хатсайрҳои 3 “А” (автобус) ва 1 (троллейбус) ба мусофиркашонӣ машғуланд. Воқеан, аз ин хатсайр низ автобуси рақами 8-ро мешавад гирифт ва роҳашро дигар самт муқаррар намуд. Хатсайри троллейбусҳои 2 ва 10 низ қариб дар як самтанд.
БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ
Масъалаи дигар манзилҳои зист мебошад. Мо бояд дар назар гирем, ки вақте манзил мехарем, танҳо дохили бино аз мост, намои берунии он ба мақомоти шаҳр мансуб аст, ба хотири зебоӣ ва нигоҳ доштани меъёрҳои муосири меъморӣ.
Гап сари он ки бо соҳибманзил шудан, тирезаҳоро панҷара мегирем, балконҳоро кушода бошад, мепӯшем, пӯшида бошад, мекушоем, ки ҳусни шаҳрро коста мегардонад. Ҳамин буд, ки 31-уми декабри соли 2024 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе барои кандани панҷараҳо қарор қабул кард.
Сардори сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Самӣ Азизиён дар нишасти матбуотии МИҲД шаҳри Душанбе гуфт, қарор аз 2-юми январи соли равон ба ҳукми иҷро даромад ва беш аз 1000 панҷара ва балконҳои худсохт, ки намои зоҳирии биноҳоро коста мегардонданд, бартараф шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик панҷараҳои тамоми биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии пойтахт пурра аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе канда мешаванд.
Ин ва чандин масъалаҳои дигар аст, ки риояашон бар уҳдаи мо – сокинон аст. Шаҳри Душанбе солҳои охир маркази чорабиниҳои муҳими байналмилалии сиёсиву варзишиву фарҳангӣ гаштааст ва ҳар сол беш аз миллион нафар барои кор ва ҳамчун сайёҳ ба пойтахти Тоҷикистон меоянд. Мо вазифадорем, ки маданияти шаҳрнишиниро риоя кунем ва ба ҷаҳониён фарҳангӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳем.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.04.2025 №: 75-76