Ба тасвиб расидани як қатор созишнома ва лоиҳаи қонунҳо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
16-уми апрел таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, баргузор шуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар иҷлосия Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромаду сармоя ва лоиҳаи якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ
15-уми апрел Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба шаҳри Хива сафар намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки қабл аз оғози ҷаласа Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз мавзеъҳои таърихӣ, ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ ва сайёҳии Хива боздид намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Баррасии лоиҳаи «Стратегияи нави шарикии БОР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030»
Натиҷаҳои омӯзиши таҳлилии Тоҷикистон ва лоиҳаи «Стратегияи нави шарикии Бонки осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» дар вохӯрии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода бо роҳбари намояндагии Бонк Ко Сакамото баррасӣ шуданд.
Дар Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки мусоҳибон, ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорат, иқтисод, саноати сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин, мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаҳои тиҷорати электронии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Шиносоии муовини аввали Президенти Эрон бо таърихи тоҷикон
Чуноне ки хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, имрӯзҳо ҳайати расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини аввали Президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрӯдӣ бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳайат зимни тамошои Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик шинос гардид.
Алӣ Наҷафии Хушрӯдӣ аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» сабт намуд.
Дар Душанбе дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардиданд
14-уми апрел мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо ҳайати намояндагони Конгресси ИМА баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи судманди Тоҷикистон ва ИМА, инчунин, дигар масоили марбут ба фаъолияти ниҳодҳои СММ дар мамлакатро баррасӣ намуданд.
Санаи нашр: 18.04.2025 №: 75-76
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН