БА ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ТУҲФАҲОИ НОДИР ТАҚДИМ ГАРДИД

18 апрел 2025, Ҷумъа
14
Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои нодир: як адад кандакории рӯйи нуқра бо тасвири девори бузурги Чин ва гулдони нуқрагӣ бо нақшу нигори миллии тоҷикӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин ашёи арзишмандро чанде пеш зимни ифтитоҳи корхонаи заргарии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” роҳбарияти Ҷамъият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ туҳфа карданд.
Айни ҳол ин ҳадияҳо дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва толори “Истиқлолият” ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
КОНСЕРТИ ОРКЕСТРИ ДАВЛАТИИ СИМФОНӢ ДАР БОКУ
Дар қасри ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» барномаи консертии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар барномаи фарҳангӣ, ки дар партави дастуру роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронда шуд, вазири фарҳанги Озарбойҷон Адил Керимли, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон, намояндагони аҳли зиё, доираҳои илму фарҳанг ва санъати кишвари мизбон, корпуси дипломатӣ ва сокинону меҳмонони шаҳри Боку иштирок намуданд.
Ҳунармандон ва мутрибони боистеъдоди тоҷик ба тамошобинон барномаи ҷолибу рангорангро бо иҷрои мусиқию сурудҳо аз эҷодиёти муаллифони машҳури тоҷику озарӣ, инчунин, асарҳои мусиқии классикӣ ва муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла операҳои Ҷузеппе Верди, Ҷорҷ Бизе ва оҳангу сурудҳои Клаус Баделт, Фрэнк Синатра ва Муслим Магомаев, пешкаш намуданд.
ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА ДАР ШАҲРИ НОВОСИБИРСК
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск чорабинии идонаро бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор намуд.
Дар он намояндагони воломақоми Ҳукумати вилоят ва шаҳри Новосибирск, роҳбарияти намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, намояндагиҳои дипломатии шаҳри иқомат, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат доштанд.
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин Ҳабибулло Наврӯзро ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи анъанаҳои неки фарҳангӣ тавсиф намуда, таъкид сохт, ки дар таҷлили чунин ҷашнҳо робитаҳои фарҳангиву башардӯстонаро таҳким мебахшад.
Дар намоиш ба ҳозирин либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, имконияти сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои табиию табобатии Тоҷикистон ба тариқи видеороликҳо муаррифӣ гардиданд.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.04.2025 №: 75-76