ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД
Дар шаҳри Хиваи Ӯзбекистон таҳти раёсати сарвазирони Ӯзбекистону Тоҷикистон Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабаргузории миллии “Ӯза” иттилоъ додааст.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки солҳои охир ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба зинаи нав баромада, иттифоқи байни кишварҳо амалан таҳким ёфта истодааст. Бешубҳа, дар ин росто муносибатҳои эътимодбахши роҳбарони давлатҳо муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иродаи сиёсии онҳо аҳамияти хоссаро касб менамояд.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи дурнамои лоиҳаҳое дода шуд, ки ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо нигаронда шуд. Тазаккур ёфт, ки ҳаҷми муомилоти мол дар панҷсолаи ҷорӣ ду баробар афзуда, шумораи корхонаҳои муштарак аз сесад адад гузашт. Ин нишондод мунтазам боз меафзояд.
Новобаста ба ин, нишондиҳандаи муомилоти мол ба иқтидори мамлакатҳо пурра мувофиқ нест ва ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда фаровонанд. Илова бар ин, сарвазирҳо вазифа гузоштанд, ки то соли 2030 ҳаҷми тиҷорати мутақобила ба 2 миллиард доллар расонда шавад. Барои ин амиқтар кардани ҳамкориҳои саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, идомаи ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаи захираҳои обу энергетика, пайваста идома додани кор дар самти таъмини кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба рушди фаъоли ҳамкориҳои минтақаҳои ду кишвар хеле зарур аст.
Дар охир баёнияи дувоздаҳумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН