Ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ

21 апрел 2025, Душанбе
12
18-уми апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд. АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ якчанд лоиҳаҳои қонунҳои намунавии Ассамблея, аз ҷумла дар бораи баҳодиҳии кадастрии давлатӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, ворид намудани тағйирот ба ҷанбаи рақамикунонии Кодекси намунавии таълим дар ИДМ баррасӣ гардиданд.
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ
Баррасии масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо намояндагони доимии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал дар СММ – Муҳаммад Исса Абушаҳоб ва Коли Сек, ки ба ҳайси мизбони Конфронси оби СММ-2026 мебошанд, мулоқот намуд.
Аз Намояндагӣ ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ мусоҳибон аҳамияти пайвастани мантиқии раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 ва идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо дар робита ба маъракаҳои муҳими байналмилалии обро, ки дар солҳои 2026 дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, таъкид карданд.
Вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ
18-уми апрел дар шаҳри Самарқанд дар доираи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти экологӣ дар минтақа, инчунин талошҳои муштарак барои таъмини амнияти нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ ва инкишофи иқтидори нақлиётию транзитии он баррасӣ гаштанд.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо cафири Россия
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия Семён Григоревро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба татбиқи тавофуқот аз натиҷаи музокироти сатҳи олии 17-уми марти соли 2025 баргузоршуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, роҷеъ ба дигар мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Россия табодули афкор сурат гирифт.
ТОҶИКИСТОН ВА КУВАЙТ
Дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Ҷарроҳ Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот кард.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳайати Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ибни Туркӣ ал-Субайъӣ вохӯрд.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва натиҷаҳои манфии он, роҳҳои коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидорҳои соҳавии мутахассисон баррасӣ шуданд.
Масъалаи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
Дар Китобхонаи миллӣ ҷаласаи Гурӯҳи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор гашт.
Ба хабарнигори мо аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, ки ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода баргузор гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок намуданд. Зимни ҷаласа дар бораи ҳолатҳои фавқулодае, ки дар ҳудуди Тоҷикистон сабт шудаанд, маълумот дода шуда, вобаста ба кумакҳо ба аҳолии осебдида аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва пурзӯр намудани кор дар ин самт ибрози назар гардид.
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77