КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. БАРДОШТ АЗ ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ
14-уми апрел дар Китобхонаи миллӣ Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки то 18-уми апрел идома ёфт. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар додааст.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар ифтитоҳи Фестивал-намоишгоҳ аз робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон давоми се даҳсола барои рушди бештари соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус маорифи миллӣ, заминаҳои мусоид фароҳам намудааст.
“Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ин намоиш дар фазои илму таҳсилоти Тоҷикистон чун анъанаи неки ҳамгироии таҳсилотӣ доманаи фарогирии худро зиёд менамояд. Ба туфайли чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, намояндагони соҳаи илму маорифи кишварҳои мухталиф имкон ба даст меоранд, ки дастовардҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои худро муаррифӣ намуда, шарикони нави ҳамкорӣ пайдо кунанд ва бахшҳои барои ҷонибҳо манфиатдорро боз ҳам тавсеаву рушд диҳанд”, – иброз дошт Дилрабо Мансурӣ.
Зикр шуд, ки мақсад ва ҳадафи фаъолияти низоми маорифи давлатҳо, пеш аз ҳама, ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ ва давлату миллат равона шуда, масъалаи рушди касбият ва таҳкими захираҳои инсонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаётан муҳими ин соҳа ба шумор меравад. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сиёсати давлатии хеш мақоми мактабу маорифро дар меҳвари асосӣ ҷой додаанд.
Дар идомаи қисмати ифтитоҳии Фестивал-намоиш сафирони якчанд давлат ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ оид ба шароити таҳсил, будубош, рушди ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни ҳам сухан намуда, аз ҳамкории дуҷониба дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ барои шиносоии ҷавонону наврасони мамлакат бо дастовардҳои донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, ба самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани ҷавонони мамлакат ва, ба ин васила, кам намудани таъсири хурофот ва радикализми динӣ ба тафаккури ҷомеа, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, фароҳам овардани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН