ДУШАНБЕ. НАМОИШИ АКСҲО БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

22 апрел 2025, Сешанбе
15
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол” намоиши аксҳои Душанбе (16-19-уми апрел) ташкил гардид. Ёдовар мешавем, ки Рӯзи пойтахт ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад.
Дар намоиши мазкур 100 акс аз манзараҳои зебо ва маконҳои сайёҳии пойтахт, ки аз ҷониби аксбардор Дидор Саъдуллоев аксбардорӣ шуда, дар сомонаҳои иҷтимоии "Фейсбук" (Dushanbe-travel), "Инстаграм" (Dushanbe.travel), "ВКонтакте", "Тридс", "Тик-То"к ва "Телеграмм" инъикос карда мешаванд, рӯнамоӣ гардид.
Ҳадаф аз баргузории намоиши аксҳои Душанбе ва дар доираи он баргузор намудани пресс-тур, муаррифии имконияту зарфиятҳои пойтахт, тарғибу ташвиқи дастовардҳои шаҳрдорӣ тайи солҳои охир ва дар ин замина, муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ арзёбӣ гардид.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода гуфт, ки пойтахт дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз шаҳрҳои дорои аҳамияти сайёҳидошта мубаддал гардид. Маҳз бо ибтикори беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва заҳмати шабонарӯзии сокинон, имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз маконҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки бо саҳми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз пойтахти азизамон дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, сайёҳӣ ва ғайра рушд карда, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шаҳри дилоро шинохта шудааст.
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, иброз дошт, ки имрӯзҳо симои шаҳри Душанбе ба шарофати сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба куллӣ тағйир ёфта, садҳо иншооти нави маъмуриву хизматрасонӣ, даҳҳо боғу гулгашт бунёд ёфтаанд, ки ҳамаи ин боиси ҷалби бештари сайёҳон гаштааст. Меҳмононе, ки ба пойтахт ташриф меоранд, аз пешравию дастовардҳои солҳои охир ноилгардидаи шаҳри Душанбе ба ҳайрат меоянд.
Баъд аз ҷамъбасти маросими расмии кушодашавии намоиш, роҳбаладон аксҳои ба намоиш гузоштаро, ки дар онҳо манзараҳои зебову диданӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии пойтахт инъикос ёфтаанд, муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, хатсайри сайёҳии дохилишаҳрӣ барои намояндагони васоити ахбори омма роҳандозӣ гардид, ки зимни он иштирокчиён аз зарфиятҳои сайёҳии пойтахт дидан намуданд.
Шаҳноз ҚУРБОН, Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78