Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
21-уми апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон мулоқот дошт.
Тавре ба мо аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки мулоқоти имрӯза барои густариши робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлис-аш-Шурои Арабистони Саудӣ барои ба пешравиҳо ноил гардидан дар ҳамаи соҳаҳо заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Шиносоии Сарвазир бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ
Сарвазир Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, фаъолияти ситоди ҷумҳуриявӣ ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд.
Зимни шиносоӣ бо ҳолати қитъаи замини нав дар мавзеи Сабзазори Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ иттилоъ дода шуд, ки ин ҷо дар 12 садяк замин барои 30 оилае, ки кошонаҳояшон пурра хароб гардидаанд, хонаҳои чорҳуҷрагии нав сохта мешавад. Аллакай, дар ин мавзеъ корҳои тахту ҳамворкунӣ ва омодасозии қитъаи замин барои бунёди манзил оғоз шудаанд.
Сарвазир ба масъулон ва сохтмончиён дастур дод, ки ҳангоми бунёди хонаҳои нав ба истифодаи дурусти масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини устувории биноҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Машваратҳои консулии Тоҷикистону Туркия
21-уми апрел дар шаҳри Анқара машваратҳои консулии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла содагардонии расмиёти раводид, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кумаки ҳуқуқии мутақобила баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи муколамаи созанда таъкид намуданд.
Омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо намояндаи Президенти Озарбойҷон оид ба иқлим, президенти COP-29 Мухтар Бабаев вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид.
Ҳамчунин, сафири Тоҷикистон доир ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дод.
Машварати роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон ва Чин
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи таҳсилоти касбӣ дар соли 2025» машварат баргузор шуд.
Дар Кумитаи мазкур ба мо тавзеҳ доданд, ки дар рафти машварат роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ вобаста ба самтҳои фаъолияти муассисаҳои худ, роҳҳои таҳким бахшидани ҳамкории дуҷониба ва табодули донишу таҷриба ибрози андеша намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳавзавии дарёи Зарафшон
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи 7-уми Шурои ҳавзавии дарёи Зарафшон бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд баргузор гашт.
Тавре дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, зимни баргузории ҷаласа натиҷаҳои таҳияи Нақшаи идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Зарафшон, ки тибқи методологияи нави Вазорат омода мегардад, баррасӣ шуд.
Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН