СУҒД. ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ТАНТАНА ДОШТ
17-18-уми апрел бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Суғд, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ, муаррифии имконияту захираҳои сайёҳии минтақа ва эҳёи Роҳи бузурги абрешим, дар шаҳри Хуҷанд, Форуми дуюми байналмилалии сайёҳӣ – "Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим" баргузор гашт.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода, консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, муовини губернатори вилояти Тюмени Россия Андрей Пантелеев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Витебски Россия Вячеслав Дурнов, раиси Шурои директорони гурӯҳи “Cronwell” Дмитрий Колесников иштирок доштанд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки вилояти Суғд таъриху фарҳанги ғанӣ, табиати зебо ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дорад, ки имкониятҳои бузургро барои рушди сайёҳии дохиливу байналмилалӣ фароҳам меорад. Самтҳои афзалиятноки рушди сайёҳии вилояти Суғд сайёҳии фароғатӣ, табобатӣ, кӯҳиву варзишӣ, шикор ва моҳидорӣ, экологӣ, таърихиву маърифатӣ, этнографӣ ва тиҷоратӣ маҳсуб меёбанд ва барои рушди ҳар яке аз ин самтҳо дар вилоят тамоми шароитҳои зарурӣ мавҷуданд.
– Солҳои охир корҳои зиёде барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ ба анҷом расонда шудаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, агар соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд ҳамагӣ 20 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекард, то соли 2024 шумораи онҳо ба 45 расид. Дар вилоят зиёда аз 300 масири сайёҳӣ таҳия шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табииро дар бар мегиранд, – афзуд раиси вилоят.
Иштирокчиёни Форум аз Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" боздид намуда, ба санъати миллии меъмории тоҷик, аз ҷумлаи кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, коркарди бадеии чӯбу санг, кошинкорӣ баҳои баланд доданд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, аксҳои сайёҳӣ, таомҳои миллӣ ва шиносоӣ ба мавзеъҳои таърихӣ ташкил гардид.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН