БОХТАР. 2207 ҶОЙИ НАВИ КОР ТАЪСИС ЁФТ

23 апрел 2025, Чоршанбе
12
Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод оғоз намуда, аз бурду бохт ва мушкилоти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ сухан гуфт. Сипас, муовини раиси шаҳр дар ҳисоботи худ нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар семоҳаи аввали соли 2025 мавриди таҳлил қарор дод.
Дар ҷаласа иҷрои буҷет, таъсиси ҷойҳои нави кор, афзоиши музди меҳнат, вазъи сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳои муҳим баррасӣ гардида, барои рафъи камбудиҳо ва вусъати фаъолият дастур дода шуд.
Иттилоъ доданд, ки қисми даромади буҷети шаҳр дар семоҳаи аввал 106 фоиз таъмин гардид. Ба ҷойи 279 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 296,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра 2207 ҷойи нави кори доимӣ ва беш аз 3000 ҷойи кори муваққатӣ таъсис ёфт. Музди миёнаи моҳонаи кормандон 2275 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 15 фоиз зиёд аст.
Ҳоло дар шаҳр 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла як лоиҳа бо сармояи мустақим, амалӣ мешавад. Самтҳои асосии ин лоиҳаҳо – амнияти роҳҳо, таъмири шабакаи обу корез, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ беш аз 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021-2025, ки қаблан аз 86 лоиҳа иборат буд, бо иловаҳо то ба 114 лоиҳа расонда шуд. Арзиши умумии ин лоиҳаҳо 1 миллиарду 556 миллион сомонӣ мебошад. Ба ҳолати 1-уми апрел 59 лоиҳа бо маблағи 1,153 миллиард сомонӣ анҷом ёфта, 42 лоиҳа ба маблағи 262,8 миллион сомонӣ дар марҳалаи амалишавӣ қарор дорад. Дар маҷмуъ, 90,8 фоизи барнома татбиқ гардидааст.
Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳр 16 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 330,6 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни баромади худ, паёми роҳбарияти вилояти Хатлонро ба ҳозирин расонд ва аз рушди босуръати шаҳри Бохтар дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам зебо кардани симои шаҳр, беҳсозии инфрасохтор ва омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
КОРРУПСИЯ. АЗ МОНЕАҲОИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ РУШДИ ИҚТИСОД
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои коҳиш додани сатҳи коррупсия ва таҳкими шаффофият дар тамоми соҳаҳои идорӣ тадбирҳои муассир меандешад. Бо ба назаргирифтани ин масъала, дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсии Хадамот бо сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким баргузор гардид.
Мавзуи вохӯрӣ таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба амалҳои фасодкорона, пешгирии омилҳои марбут ба он ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ оид ба оқибатҳои манфии коррупсия буд. Дидорро муовини сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук, подполковники Хадамоти гумрук Далер Эсанов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки бо мақсади татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ таҳия гардида, чораҳои амалӣ дар ин самт иҷро мегарданд.
Розиқзода Алихон Абдулҳаким зикр намуд, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии заруриро фароҳам овардааст. Ба гуфтаи ӯ, мубориза бо коррупсия танҳо бо талоши як ниҳод муяссар намегардад ва он ба сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамоҳангии байни сохторҳо ва иштироки фаъолонаи ҷомеа марбут мебошад. Тазаккур гардид, ки дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2022-2030, чунин мулоқоту дидорҳо бо намояндагони Агентӣ мунтазам баргузор мегарданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
“САРОҲАНГИ БАЧАҲО”
Ин китоб охирин ёдгори маънавии Холаҳмад Маҷидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, хормейстри нотакрору оҳангсози маъруфи кишвар, мебошад. Мутаассифона, муаллиф нашри онро нодида аз дунё даргузашт. Маврид ба зикр мебошад, ки барои оҳанг бастан матни шеърҳои бачагонаро муаллифи ин сатрҳо интихоб ва пешниҳод карда буд.
Дар китоб, тавре ки нашр шудааст, оҳанги 80 шеър бо матнҳо ҷой гирифтаанд. Ҳол он ки муаллифи оҳангҳо гуфта буд, ки ба 106 шеър оҳанг бастааст. Онҳо вобаста ба синну сол барои дарсҳои суруд дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ табақабандӣ шуда буданд. Марҳум изҳор медошт, ки зимни сурудан ба кӯдакони хурдсол матнҳо ва оҳангҳои номувофиқро, ки дар натиҷа сабаби харобии овозҳо ва ҳатто аз миён рафтани “овозҳои тиллоӣ” мешаванд, пешниҳод месозанд. Яъне, дар ин қисмат фазои холигӣ вуҷуд дошт. Ӯ бо вазъи ногувори тандурустӣ ва синну соли худ нигоҳ накарда, иҷрои ин масъулияти муҳиму муфидро ба дӯши худ гирифт. Китоби мазкур сарсухани ҷолибу ҳидояткунанда дошт, аммо маълум нест, ки чаро масъулони нашр ҷой додани онро раво надонистанд.
Ҳамин тавр, муаллиф ба шеърҳои Раҳмат Назрӣ, Озод Аминзода, Меҳмон Бахтӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Нуъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азиз Раҳим, Латофат Кенҷаева ва дигарон оҳанг бастааст.
Китоб бо қарори Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” аз 5-уми ноябри соли 2024 ба чоп тавсия гардидааст ва он аз тариқи нашриёти “Истеъдод” бо теъдоди 200 нусха нашр шудааст. Албатта, иқдоми Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар чопи китоб боиси сипосгузории махсус мебошад. Ҳарчанд таъкид шудааст, ки ин маҷмуаи сурудҳои бачагона дастури таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва махсуси мусиқӣ мебошад, аммо хуб мебуд, ки онро дар шакли пурра, яъне 106 суруд бо сарсухан, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ чун дастури таълимӣ барои дарсҳои суруди муассисаҳои таълимии миёнаи умумии кишвар бо теъдоди зиёд нашр намояд. Фикр мекунам, ки дар ин маврид руҳи муаллиф, ки тамоми донишу маҳорату ҳастияшро ба рушди мусиқии касбӣ бахшида буд, бештар шод мешавад.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79