«Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ»
Таҳти ҳамин унвон дар шумораи навбатии маҷаллаи бонуфузи «The Diplomatic Insight» ба забони англисӣ мақолаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Рустам Ҳайдарзода ва Дониёр Сангинзода ба нашр расид.
Дар Институти мазкур ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки мақола ба нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди дипломатияи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу субот дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шудааст.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ
23-юми апрел ҳайати ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода дар ҷаласаи XX раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба идоракунии амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, нақши судҳо дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон ва мубориза бо ҷиноятҳои зӯроварӣ ва терроризм баррасӣ гардиданд.
Ҷаласаи баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор
Муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода 24-уми апрел дар ҷаласаи мамлакатҳои электорати Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди ММД, коҳиши таваррум, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ, инчунин, сатҳи устувори қарзи давлатиро таъкид намуданд.
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба татбиқи барномаҳои пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм
24-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ Конфронси ҷумҳуриявии «Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм ва татбиқи қатъномаҳои СММ» баргузор гашт.
Дар хабари интишордодаи хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ омадааст, ки иштирокдорони Конфронс хулосаҳо ва тавсияҳояшонро барои тақвияти чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд, ки дар таҳияи минбаъдаи барномаҳои давлатӣ дар самти баррасишаванда истифода мешаванд.
Муаррифии имконоти низоми молиявии Тоҷикистон дар конфронси Шурои шариатии AAOIFI
Дастовардҳо ва имконоти низоми молиявии Тоҷикистон дар конфронси 23-юми солонаи Шурои шариатии Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит (AAOIFI), ки дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид, муаррифӣ шуданд.
Дар Бонки миллӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки конфронс ба баррасии масоили марбут ба ҳамоҳангсозии меъёрҳои бонкдории исломӣ, ҳамгироии технологияҳои молиявӣ ва татбиқи молияи ахлоқӣ дар низомҳои молиявии мутобиқ ба принсипҳои бонкдории исломӣ бахшида шуда, саҳнаи муҳими табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳо арзёбӣ мегардад.
Истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва бехатарии радиатсионӣ
Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Конфронси байналмилалии «Дурнамои истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Муғулистон, Беларус ва дигар давлатҳо ҷамъ омада, масъалаҳои экологии технологияҳои ҳастаӣ, барқарорсозии объектҳои мероси ҳастаӣ ва рушди энергияи атомиро баррасӣ намуданд.
Имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷро ва Хадамоти иҷрочиёни судии Россия
Ҳолат ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ 23-юми апрел зимни мулоқоти сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода ва директори Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Россия Дмитрий Аристов баррасӣ гаштанд.
Дар Хадамот ба мо тавзеҳ доданд, ки ҷонибҳо оид ба мубодилаи таҷриба, густариши иқтидори институтсионалӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ табодули назар намуданд.
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 82
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН