МУРҒОБ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ
Тантанаҳои наврӯзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Рӯзи якшанбеи гузашта дар ноҳияи Мурғоб, ки дурдасттарин ноҳияи Тоҷикистони азиз мебошад, Наврӯзи оламафрӯз бо расму русуми аҷдодӣ таҷлил гардид.
Дар остонаи чорабиниҳои расмии идона дар маркази ноҳия – шаҳраки Мурғоб дар майдони 10 га замини бекорхобида боғи нав бунёд карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки соли сеюм аст дар ин ноҳияи баландкӯҳи иқлимаш хунук ниҳолпарварӣ таҷриба карда мешавад. Боғҳои тайи ду соли охир бунёдкардашуда, ки аз ниҳолҳои хӯчу ангат, қоту қарақот, беду ван иборат мебошанд, нашъунамои хуб доранд. Сохтмони боғот дар ин минтақаи баландкӯҳ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ дорад, балки ба беҳтар шудани обу ҳаво низ мусоидат менамояд.
Дар чорабинии бошукуҳи Наврӯзи ноҳия раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Исфандиёр Шукурзода ва ҳайати расмӣ нахуст аз намоиши дастранҷи ҳунармандони чирадасти ноҳия дидан намуда, барои дастовардҳои беназирашон дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ сокинони сарбаланди ноҳияи Мурғобро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати оқилона ва созандаи Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пайдо намуд, ки фарҳангу анъана ва арзишҳои волою муқаддаси худро эҳё сохта, сайқал диҳад. Гузашта аз ин, бо заҳмату сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамин ғановати бузурги бостонии миллат барои ҷаҳониён муаррифӣ гашта, мақому манзалати миллат дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта шуд.
Зикр гардид, ки аз Наврӯз то Наврӯз дар радифи пешрафти муваффақонаи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин, дар самти муносибатҳои хориҷӣ, давлати мо ба комёбиҳои беназир ноил гардид. Қарнҳо боз тоҷикону қирғизон дар ҳамсоягӣ аҳлонаву тифоқ зиндагӣ мекунанд. 12-13-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафтанд ва ин сафар дар саҳифаҳои муносиботи ду кишвар марҳалаи навро оғоз бахшид. Дар доираи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров зери изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд. Ба имзо расидани шартномаи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон яке аз дастовардҳои дипломатияи тоҷик буда, намунаи волои хирадсолории Пешвои сулҳофари тоҷик, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад ва дар арафаи Наврӯз ба вуқуъ пайвастани ин воқеаи таърихӣ басо рамзӣ мебошад.
Раиси вилоят аз дастовардҳои ноҳияи Мурғоб ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ин ноҳияи дурдасту зебоманзар ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳия ҳамасола аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ маблағҳои зиёд равона мегардад. Тибқи нақша то 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар деҳоти ноҳия 111 иншоот сохта мешавад, ки 17-тоаш корхонаи саноатӣ мебошад.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
МО ВА ПЕШВОИ МО. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД
Табиист, ки офатҳои табиат ба мардум осеби ҷиддӣ расонда, хисороти зиёдеро ба бор меорад. Заминларзае, ки дар минтақаи Рашт рух дод, бори дигар собит намуд: Сарвари мо ҳамеша дар чунин ҳолатҳо паҳлуи мардуми шарафманди хеш буда, на танҳо онҳоро танҳо намегузоранд, балки аз аввалинҳо шуда ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамоянд.
Тавре расонаҳо хабар дода буданд, заминларзаи 13-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба вуқуъ омада, боиси пурра вайрон шудани 94 хонаи истиқоматӣ, қисман хароб гаштани 50 хона гардида, ба 61 хонаи дигар бошад, осеби сабук расид.
Заминларзае, ки ба ноҳияҳои зерин хисорот расонд, зарараш кам нест, вале, сарфи назар аз ин, бошандагони ин минтақа дар такя ба Сарвари ғамхорашон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пайи бартарафсозӣ ва барқарорнамоии манзилҳои хеш мебошанд. Имрӯзҳо ба хотири дубора обод намудани хонаҳои истиқомативу биноҳои харобгардида, дар баробари мақомоти давлатӣ, ҳамчунин, соҳибкорону фарзандони бонангу номуси миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар партави сиёсат ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ташкил шуда, мардум ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуда, ба кумакҳои яквақтаина таъмин мегарданд.
– Борҳо дар бораи заминларзаи Ҳоит нақлу қиссаҳо шунида будаму боварам намеомад, ки як такон тавонад дар як лаҳза ҳамаро ба нестӣ барад. Аммо ин ҳодисаи сарзада андешаамро ботил сохт. Пас аз он ки, хонаам валангор гардид, умеди наҷотамон пас аз Худои бузург ба Сарвари ғамхори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Мутмаин будам, ки пас аз лаҳзае Роҳбари мунису ғамшарики тоҷикон ба суроғамон меоянду моро ҳаргиз танҳо намегузоранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Субҳи рӯзи дигар мо ҳама касоне, ки дар ин офати табиӣ зарар дида будем, аз ҷониби Сарвари давлат бо хаймаҳо ва хӯрокворӣ таъмин гардида, ба ҷойҳои бехавф куч бастем. Айни ҳол сохтмони хонаҳои истиқоматии мо аз ҷониби Ҳукумати кишвар оғоз гардидааст. Мо хушбахтем, ки чунин Роҳбари ғамхор дорем, – иброз дошт Саймуддин Лоиқов, сокини деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт.
Дарвоқеъ, имрӯзҳо тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем, ки ёриҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба зарардидагони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод расонда мешаванд. Барои 30 оилае, ки дар ноҳияи Тоҷикобод хонаҳояшон бапуррагӣ хароб гаштаанд, заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, корҳои тахту ҳамворкунӣ ва омодасозӣ барои бунёди манзил оғоз шудаанд.
Айни замон Ситоди таъҷилии ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибаҳои офати табиӣ дар ин минтақа ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад. Дар минтақаҳои зарардида тамоми ёриҳое, ки барои осебдидагон пешбинӣ шудаанд, банавбат ба онҳо расонда мешаванд.
Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибати фалокат бомаром идома доранд. Дар ин кори хайр, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ саҳми бориз мегузоранд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
СУҒД. РОҲБАРОН БА ДИДОРИ ДОНИШҶӮЁН РАФТАНД
Чанд сол боз дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад. То имрӯз раисони шаҳру навоҳии Гулистон, Бӯстон, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич бо донишҷӯёнашон, ки айни ҳол дар Хуҷанд таҳсил доранд, мулоқот намуданд.
Чанде пеш дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд мулоқоти раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод ва шаҳри Истиқлол бо донишҷӯён баргузор гардид. Муовини раиси вилоят Зуфар Исмоилзода дар оғоз иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ ошноӣ бо раванди таълиму тарбияи донишҷӯён ва шароити буду боши онҳо дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ ба вазъи таълими макотиби олии вилоят ишора намуда, таъкид кард, ки таълим ҳамчун асоси рушди ҳар кишвар бояд диққати махсуси ҷавононро ҷалб намояд. Аз донишҷӯён дархост шуд, ки бо масъулияти бештар ба омӯзиш ва рушди касбии худ диққат диҳанд.
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода оид ба дастовардҳои ноҳия дар даврони истиқлоли давлатӣ, бунёди коргоҳу иншооти наву замонавӣ сухан кард. Доир ба вазъи соҳаи маориф, норасоии мутахассисон ва омӯзгорони фанҳои дақиқ, мушкилот ва вазъи имрӯзаи мактабҳои ноҳия андешаҳои худро баён намуда, зикр кард, ки барои аз байн рафтани мушкилоти мавҷуда ноҳия ба кадрҳои ҷавону соҳибкасб ниёз дорад.
Донишҷӯён зимни пешниҳоди дархосту андешаҳо, аз ҷумла хоҳиш намуданд, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ марказҳои забономӯзӣ таъсис дода шаванд. Ҳамчунин, донишҷӯён ҷиҳати таъмин бо ҷойи кор, ташкили марказҳои ҳуқуқӣ, таъмири мактабҳо дар деҳот ва дигар масъалаҳо андешаҳои хешро баён доштанд. Маврид ба зикр аст, ки дар маркази вилоят аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 33 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамояд.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода иброз дошт, ки ҷавонони мо бояд дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия ёфта, ҳар як пораи хоки Тоҷикистонро азизу муқаддас шуморанд. Ҷавонони саодатманди шаҳри Истиқлол метавонанд бо дониши баланд ва маҳорати касбӣ дар ободонии Ватан саҳм гузоранд.
Раиси ноҳияи Зафаробод Муқим Муродзода оид ба дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, нақшаҳои рушд, имкониятҳои ҷавонон дар бунёди ҷомеаи пешрафта ва саҳми онҳо дар амалисозии ҳадафҳои миллӣ сухан карда, аз ҷумла қайд кард: “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо пуштибонӣ аз сиёсати маърифатпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани имкониятҳои мусоид баҳри донишандӯзӣ, интихоби дурусти касб ва таҳсили шоистаи донишҷӯён ҷаҳду талош менамояд. Оилаҳои ҷавону ниёзманд, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва камбизоат ҳамеша аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ меёбанд”. Таъкид шуд, ки дар муассисаҳои таълимии оливу касбии вилоят аз ноҳияи Зафаробод беш аз панҷ ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Дар идома ба донишҷуёни фаъол аз ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод ва шаҳри Истиқлол сипоснома ва ёрипулии яквақтаина супурда шуд.
Вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯён то 30-юми апрел идома мекунад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, бо ташаббуси Прокуратураи генералии мамлакат дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба “Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм ва татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид” баргузор гардид.
Дар конфронс, ки 24-уми апрели соли равон дар Китобхонаи миллӣ сурат гирифт, роҳбарият ва кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимону коршиносон, ходимони дин ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок доштанд. Дар ин ҳамоиши муҳиму бонуфуз, дар маҷмуъ 380 нафар ба таври ҳузурӣ ва шумораи зиёди шарикони рушд тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи хатару таҳдидҳои нави вобаста ба экстремизму терроризм созмон ёфта, дар иртибот ба вазъи феълии ҷаҳон аз манфиат холӣ нест. Зеро дар он роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва коршиносони минтақавию ҷаҳонӣ хулосаҳо ва тавсияҳои хешро ҷиҳати тақвияти чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд, ки зимни банақшагирии минбаъдаи барномаҳои давлатӣ дар муқовимат бо терроризму экстремизм нақши муассир хоҳанд гузошт.
Баргузории чунин як конфронси сатҳи баланд дар ҳолест, ки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва қатъномаҳои зиёди Созмони Милали Муттаҳид дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм доир намудани ҳамин гуна ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо (тренингҳо) ва чорабиниҳои дигари иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби олимону коршиносон, зиёиёни эҷодкор, мақомоти масъули давлатиро яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф кардааст.
Шодмони АБДУРАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 82
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН