ХАТЛОН. МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН

29 апрел 2025, Сешанбе
26
23-юми апрел раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф мулоқот кард.
Ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва сайёҳиро муҳокима намуданд.
Бо дарназардошти имкониятҳои содиротии вилояти Хатлон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ зарур шумурда шуд. Раиси вилоят зикр намуд, ки вилояти Хатлон беш аз 40 дарсади аҳолии кишварро дар бар гирифта, иқтидори истеҳсолӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳими давлатӣ зиёд мебошад. Хусусан, беш аз 60 дарсади маҳсулоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ деҳқонони вилояти Хатлон истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамзамон ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва хориҷи дур содирот менамоянд. Аллакай, дар вилоят сабзавоти барвақтӣ, хусусан пиёз дар марҳалаи чиниш қарор дошта, тибқи таҳлилҳо, ҳосил наздик ба 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва бештари он ба содирот нигаронда шудааст.
Йорк Шуграф аз ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, илова кард, ки ҳамкориҳоро дар самти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ густариш хоҳанд дод.
– Ҳоло 15 ширкати бузурги Олмон дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва ният дорем, ки баъди боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузоронро ба соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳо ҷалб намоем, – афзуд сафир.
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ. БА ҚАДРИ ИШТИРОКЧИЁН БЕШТАР РАСЕМ!
Бино ба маълумоти Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ба таърихи 18-уми апрели соли 2025 17 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар қайди ҳаёт аст. Аз ин дар вилояти Хатлон 8, Суғд 2, шаҳри Душанбе 2, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 нафар дар қайди ҳаётанд.
Аз ҳама ҷанговари калонсол Рашид Каримов, сокини деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор мебошад, ки соли равон 113-сола мешавад. Аз рӯйи гуфтааш, ӯ 9-уми майи соли 1912 таваллуд шудааст. Сокини ноҳияи Шаҳринав Азиз Қодиров имсол 103-сола, сокини шаҳри Бохтар Алӣ Файзалиев 102-сола мешаванд. Мухтор Заргарови душанбегӣ 29-уми апрел ва Гулмурод Тағоев аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 1-уми май 101-солагиашонро ҷашн мегиранд. Ветерани дигар Нозим Носиров, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Деваштич, низ 101-сола мешавад. Собиқадори ҷанг, сокини шаҳри Душанбе Бозор Нағзибеков охири ҳамин сол ба 100 қадам мемонад (соли таваллудаш 19.11.1926).
Тибқи маълумот, феълан дар кишвар 134 собиқадори ақибгоҳи ҶБВ зиндагӣ дорад.
Соли 2005 шумораи иштирокчиёни ҶБВ дар Тоҷикистон 9900 нафар буд. Соли 2020-ум 168 нафар монд. Ин шумора солҳои 2021 ба 98 нафар, 2022 – 59, 2023 – 42, 2024 ба 24 нафар расид.
Умар АЛӢ
ТОШКЕНТ. НИШАСТИ НАХУСТИНИ РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Дар нишаст ба таҳияи равишҳои ягонаи арзёбии таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти кишварҳои минтақа, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории хадамоти махсус дар бартараф намудани онҳо таваҷҷуҳи хос дода шуд.
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи VII машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ гузашт. Дар маросими ифтитоҳ, паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиён қироат гардид.
Тавре хабар дода шуд, муколамаи хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳияи равишҳои муштарак ва механизмҳои муассири таъмини амнияти минтақа хидмат хоҳад кард.
Иштирокчиён масъалаҳои мубрами бахшҳои амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберӣ, инчунин дигар самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 28.04.2025 №: 83