“САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА”. Душанбе сазовори Шоҳҷоиза

29 апрел 2025, Сешанбе
20
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар он шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: “Гулпарвари беҳтарин”, “Гулгашт ва хиёбон”, «Боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «Деҳаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин», “Шаҳри беҳтарин” ва «Вилояти беҳтарин» баргузор гардид.
Мувофиқи хулосаи ҳакамон, дар ин номинатсияҳо сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Робия Сафарова, гулгашти хиёбони Сирки давлатии шаҳри Душанбе, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, маҳаллаи Ғалабаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, деҳаи Чинори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб, деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, вилояти Суғд сазовори мақоми аввал гардиданд.
Ғолибон ва ҷоизадорон бо Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона ширкат варзиданд, бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи рушди маҳал қадр шуданд.
ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ
КИТОБ АСТ” ОҒОЗ ГАРДИД
28-уми апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» хабар доданд.
Дар озмун 27 довталаб аз рӯи чор номинатсия иштирок намуда, аз он 3 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт.
Зимни баргузории Озмун ба иштирокчиён аҳамияти китобхонӣ ва нақши ин Озмун дар ташаккули маърифати ҷавонон таъкид шуд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.04.2025 №: 84-85