Ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои мардуми тоҷик дар ҶБВ
Дар шаҳри Волгоград таҳти раёсати президентҳои Россия ва Беларус – Владимир Путин ва Александр Лукашенко ҷаласаи ҷамъбастии Форуми байналмилалии ИДМ «Мероси бузург – ояндаи умумӣ» баргузор шуд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар Форум Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Файзалӣ Идизода сухан намуда, саҳми халқи тоҷикро дар ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, махсусан қаҳрамонии дивизияи 61-уми савораи тоҷикро дар озод намудани Сталинград, таъкид намуд.
Мулоқоти муовинони сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
29-уми апрел дар шаҳри Тошкент муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев мулоқот дошт.
Тавре ба хабарнигори мо аз Сафорати ҷумҳурӣ дар Ӯзбекистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои сарварони давлатҳо, протоколу харитаи роҳ, рушди ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармоя ва таҳкими кооператсияи саноатӣ баррасӣ гардиданд.
Вохӯрии вазири молия бо роҳбарияти Агентии кафолати сармоягузорӣ
Дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби президент оид ба амалиёти Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ (МИГА) Ҷунайд Камал Аҳмад баргузор гашт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкорӣ бо МИГА, хусусан дар самти истифодаи васеи кафолатҳо барои дастгирии маблағгузории устувор, коҳиш додани хавфҳои қарзгирӣ ва ҷалби сармояи хусусиро муҳокима намуданд.
ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
Таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба
«Зимни вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо раиси вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейналӣ Амирӣ таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноат баррасӣ гардид», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Тоҷикистон ва вилояти Форс, махсусан байни шаҳрҳои Душанбе ва Шерозро, ки бародаршаҳр мебошанд ва имконияти бузурги ҳамкории саноатӣ доранд, муҳокима намуданд.
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир
Дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвар дар соҳаи ҷалби сармоя баррасӣ шуд.
Дар Кумита ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои стратегии калидӣ мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқоти сафир бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ
Дар шаҳри Ҷидда сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Созмон Ҳусайн Иброҳим Тоҳо вохӯрд.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва мавзуъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми арбитражии СҲШ
Бо ибтикори Комиссияи байналмилалии арбитражии тиҷоратӣ ва иқтисодии Чин (CIETAC) дар вилояти Синзян Форуми арбитражии СҲШ ва Чин баргузор гашт.
Тавре ба хабарнигори минтақавии мо дар маъмурияти МОИ «Суғд» иттилоъ доданд, дар Форум масъалаҳои таҳкими табодули таҷриба ва ҳамкорӣ байни муассисаҳо, тартиби дастгирии судӣ барои арбитраж ва мусоидат ба эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражӣ дар минтақаҳои дахлдор мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН