ТСЮ ДОНГЮЙ: "КИШВАРҲОИ ҶАҲОН БА ШАХСИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЭҲТИРОМ ДОРАНД"

01 май 2025, Панҷшанбе
15
29-уми апрели соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд. Баъд аз вохӯрӣ бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тсю Донгюй андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин баён дошт:
Сафари ман ба Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба доир гардид. Бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти тулонӣ ва судманд анҷом додем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари барҷастаи Тоҷикистон, балки шахсияти мавриди эҳтироми кишварҳои дигари ҷаҳон низ мебошад. Қаблан низ борҳо дар Чин бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом додаам ва соли 2024 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи марказии Ташкилот боздид анҷом дода буданд.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати муҳлат ва муҳтаво ғайриодӣ ва фарогир буд, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи бузург дар самти соҳаи кишоварзӣ доранд ва барои мубодилаи афкор дар ин соҳа ҳамеша омода мебошанд.
Мо аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва биологӣ аст. Аз ин лиҳоз, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид омода аст дар раванди рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузорад. Ва мо ҳамеша омодаем дар лаҳзаҳои зарурӣ ба Тоҷикистон ёрӣ расонем.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86