«СОМОН ЭЙР» ПАРВОЗҲОРО ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ – МЮНХЕН МЕАФЗОЯД
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро дар масири Душанбе – Мюнхен шуруъ аз 7-уми май ҳафтае ду маротиба (рӯзҳои чоршанбе ва шанбе) анҷом медиҳад.
Бино ба гуфтаи директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев, афзудани парвозҳо ба Мюнхен як қисми барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди авиатсияи гражданӣ буда, ба густариши ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ марбут мебошад. Тасмими мазкур самти стратегии ширкати ҳавопаймоӣ роҷеъ ба тавсеаи шабакаи хатсайрҳои байналмилалӣ ва тақвияти алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Аврупо маҳсуб мегардад ва дар доираи он хизматрасониҳоро дар бозори байналмилалӣ фаъолона тарғиб ва пешбарӣ менамояд. Аз ҷумла, иштироки ҳамасола дар бузургтарин Намоишгоҳи сайёҳии ITB, ки дар Олмон баргузор мегардад, имкони барқарории робитаҳои нави ҳамкориро дар бозори аврупоӣ ва ҳамзамон, муаррифии Тоҷикистонро ҳамчун самти ояндадор фароҳам меорад. Ҳангоми банақшагирии сафар ширкат парвози хушу бароҳати мусофиронро ҳамеша дар назар дорад.
Афзоиши шумораи парвозҳо ба Мюнхен, бешубҳа барои ҳамватанони мо, ки дар Олмон кору зиндагӣ доранд, ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ, сайёҳону тоҷирон ва нафароне, ки ба дидорбинии хешу ақрабо ва ёру дӯстон мераванд, айни муддао хоҳад буд. Парвозҳо аз Душанбе соати 00:10, аз Мюнхен - 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 роҳандозӣ мегарданд. Чиптаҳо, аллакай, дар сомонаи ширкат www.somonair.com замимаи мобилии "Somon Air" ва хазинаҳои чиптафурӯшӣ дастрас мебошанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Шабакаи парвозҳои он самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Миср, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86
Ҳамчунин хонед:
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН