ДАРВОЗ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

01 май 2025, Панҷшанбе
17
Дар доираи амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат дар ноҳияи Дарвоз корҳои зиёде иҷро гардиданд. Имрӯз дар ноҳия коргоҳҳои коркард ва бандубасти асал, истеҳсоли обҳои ташнагишикан, сарпӯшҳои муҳофизатии сохтмон (каска) ва коргоҳи маҳлулҳои антисептикӣ фаъолияти самарабахш доранд.
Бо эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳия корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва макарон ба фаъолият оғоз намуданд.
Мавриди зикр аст, ки 27-уми сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуробак ҶДММ "Меваҳои Бадахшон"-ро мавриди истифода қарор доданд, ки ҳоло ин корхона фаъолияти густурда дошта, ба истеҳсолу бандубасти маҳсулоти мевагӣ бо технологияи муосир машғул мебошад.
Воқеан, ноҳияи Дарвоз дар замони соҳибистиқлолӣ соҳиби роҳ, кӯчаву майдонҳои ободу зебо гардид. Рамзҳои муқаддаси кишвар – Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳраки Қалъаихумб қомат афрохтанд. Иншооти панҷ ва шашошёнаи ҷавобгӯи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозии муосир, аз қабили меҳмонхонаи «Карон плаза», маркази савдои «Дарвоз» ва истироҳатгоҳи машҳури «Чорчаман», бунёд шуданд. Майдону кӯчаҳо мумфарш, чароғон ва гулпӯшу сабзпӯш гаштанд. Ободкориҳо идома доранд.
Як нукта боиси зикр аст, ки ноҳияи Дарвоз дар вилоят минтақаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногун, аз ҷумла меваҳои ситрусӣ – лимӯ ва анору анҷир ба шумор меравад. Солҳои охир дар ин самти афзалиятнок ва занбӯриасалпарварӣ низ аҳли деҳот натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ ба даст меоваранд. Ҳамасола даҳҳо тонна дастранҷи аҳли деҳоти ноҳия ба бозорҳои кишвар ворид мегардад. Асали аз ҷиҳати экологӣ тозаи ин минтақа дар корхонаи коркарди маҳсулоти деҳаи Дуробак хушсифат бандубаст мегардад. Маҳсулоти корхонаи саноатии «Карон калсид»-и мавзеи Вишхарвро дар иншооти шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб ва дигар минтақаҳои мамлакат зиёд истифода мебаранд. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ навбати дуюми ин корхона бунёд мегардад.
Он рӯз дур нест, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Дарвоз ба яке аз ноҳияҳои саноатӣ ва истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти ватанӣ табдил ёбад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
ҲАФТАИ АВРУПОИИ ИММУНИЗАТСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ
28-уми апрел дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ва шарикони рушд ширкат доштанд.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии чорабинӣ баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи аҳамияти иммунизатсия дар ҳифзи солимии ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки соли 2025-ум 51-солагии Барномаи васеи байналмилалии иммунизатсия ҷашн гирифта мешавад. Барнома аз соли 1974 оғоз гардида, ба пешгирии бемориҳои сироятии хатарнок равона шуда, дар коҳиши сатҳи бемориҳо ва фавти аҳолӣ нақши муҳим бозидааст. Ба шарофати истифодаи васеи ваксинаҳои ҳаётан муҳим, сол ба сол шумораи бемориҳои сироятӣ коҳиш меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ташаббусҳои СҶТ-ро дастгирӣ намуда, дар доираи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳои густурда амалӣ менамояд.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86