ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

02 май 2025, Ҷумъа
41
Нақшаи даъват як моҳ пеш аз муҳлат иҷро гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми апрел, як моҳ қабл аз муҳлат, ба иҷро расид.
Дар ин бора, аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба таъкиди Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуот ва иттилооти Вазорат, пеш аз ҳама, дастгириву ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳкими фаъолияти ҷузъу томҳо, фароҳам овардани беҳтарин шароити хизмативу маишӣ дар қисмҳои низомӣ майлу хоҳиши ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ афзуда, сол ба сол дар таъмини иҷрои босифати нақшаи даъват нақши марказӣ мегузорад.
Ба қавли полковник Фаридун Маҳмадализода, фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, саҳми бахшу шуъбаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин ҷиҳати пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ такони нав бахшид. Аз сӯи дигар, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, баланд гардидани масъулияти ҷавонону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”, ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамояд, ба ин амр мусоидат намудааст.
Густариши муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия
Дар Малайзия мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ бо муовини Раиси Сенати Малайзия Датук Нур Ҷазлан бин Тан Шри Муҳаммад баргузор шуд.
Дар хабари пахшнамудаи АМИТ «Ховар» чунин омадааст: «Ҳадафи асосии мулоқот тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо мебошад, ки барои густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Малайзия шароити мусоид фароҳам меоварад».
Ҳамоиш вобаста ба ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ
1-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш доир шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҷараёни татбиқи санадҳо ва созишномаҳоеро, ки дар доираи вохӯриҳои машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд, матраҳ намуданд.
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи саноат
Самтҳои асосии густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши саноат, аз ҷумла татбиқи ташаббусҳои муштарак, дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва вазири саноат, захираҳои табиӣ ва савдои Эрон Муҳаммад Атобак дар Теҳрон баррасӣ гардиданд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо, ҳамчунин, ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо байни вазоратҳои дахлдор барои солҳои 2025-2027 ва рушди ҳамкорӣ дар доираи афзалияти муайяншуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН
Робитаҳо дар соҳаи ҳамлу нақл тавсеа меёбанд
Масъалаҳои татбиқи созишномаҳо ва тавофуқномаҳои байнидавлатии соҳавӣ дар вохӯрии вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардиданд.
Дар Вазорати нақлиёт ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки ҷонибҳо масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи созишномаҳои соҳавиро муҳокима ва аҳамияти вуруди Тоҷикистон ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ тавассути бандарҳои баҳрии Покистонро таъкид намуданд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар бахши коркарди гиёҳҳои шифобахш
Масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар бахши рушди тибби халқӣ зимни шиносоии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаи тибби анъанавии Чин баррасӣ гаштанд.
Зимни шиносоӣ доир ба истеҳсол ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Санаи нашр: 02.05.2025 №: 87