ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР БРЮССЕЛ
Чанде қабл дар китобхонаи Мунтпунти шаҳри Брюссел бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Белгия дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Лёвен ва Ассотсиатсияи тоҷикони Белгия - «Диёр» дар мавзуи ««Шоҳнома»-и Фирдавсӣ: осори беназири адабиёти ҷаҳон» ҳамоиш баргузор шуд.
Иштирокдорон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси ниёгон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстию сулҳпарварӣ ва рушди дипломатияи фарҳангӣ муҳим хонда, нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода махсусан таъкид намуданд.
“700 СОЛ БО ҲОФИЗ”
Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» ва дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО таҳти ҳамин унвон 11-14-уми июни соли равон дар қароргоҳи ЮНЕСКО (шаҳри Париж) Конфронси байналмилалии илмӣ баргузор мешавад.
Ҳадафи он омӯзиши амиқи осори беназири Ҳофизи Шерозӣ ва саҳми ин абармарди сухану адаб дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ дар сартосари олам 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мегардад.
“САРЧАШМА” СИНАМОИ ТОҶИКРО МУАРРИФӢ КАРД
Филми «Сарчашма»-и коргардони ҷавони тоҷик Пайрав Шарифӣ дар Фестивали XIII байналмилалии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои Балтик ва Гурҷистон, ки дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) баргузор гашт, сазовори ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошогар» гардид.
Филм истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» буда, дар бораи арзишҳои оиладорӣ қисса менамояд.
Нақши асосиро дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров бозидааст. Дар филм, ҳамчунин, ҳунармандон Парвиз Пӯлодӣ, Усмон Қудратов, Нурулло Қараев, Ҷовидон Маҳмадов ва Зулфия Содиқова нақш офаридаанд.
Пайрав Шарифӣ коргардони ҷавон ва муваффақи тоҷик буда, филмҳои таҳиянамудааш дар ҷашнвораҳои кино борҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.05.2025 №: 87
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН