СУҒД. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ДОИМӢ

02 май 2025, Ҷумъа
28
Дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтару бештар таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойҳои нави кор, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба ҳарчи зиёдтар бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ ҳамасола чораҳои судманд меандешад. Ғайрат Оқилзода, сардори ин ниҳод, дар суҳбат иброз дошт, ки ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2025 қариб 11 ҳазор шаҳрванд муроҷиат кард, ки аз ин 7 ҳазору 473 нафар ҳамчун корҷӯй мебошад. Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон дар вилоят бояд 20 ҳазору 383 шаҳрванди корҷӯй ва бекор соҳиби шуғли доимӣ шавад.
Самти дигари фаъолияти раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд бо ҷойи кор таъмин намудани он шаҳрвандоне равона шудааст, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар дарёфти ҷойи кор ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Барои то андозае ҳаллу фасл намудани масъалаи ин тоифа бекорон ҷойҳои кори холии пешакӣ бандкардашуда, ба ибораи дигар квота муқаррар мегардад. Мутобиқи он, соли равон ба нақша гирифта шуд, ки 2 ҳазору 284 чунин нафарони бешуғл бо кори доимӣ таъмин шаванд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони раёсати мазкур тавонистанд 531 нафарро бо ҷойи кор таъмин намоянд.
Дар се моҳи соли равон дар вилоят 73 намоиши ҷойҳои холии кор ташкил гардид, ки дар натиҷа 763 нафар соҳиби ҷойи кор ва 627 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, инчунин, 44 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид.
Умуман, имрӯз раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд барои ҳаллу фасли масъалаи дарёфти ҷойи кор ва касбомӯзӣ мусоидат карда, дар коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, хоссатан миёни ҷавонону бонувон, саҳми худро мегузорад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.05.2025 №: 87