РӮЗИ ҒАЛАБА ТАНҲО ҶАШН НЕСТ, БАЛКИ ФУРСАТИ ШИНОХТИ АРЗИШҲОИ ВАТАНДОРИСТ
Дар саҳифаҳои таърихи ҳар миллат санаҳои муҳиму пурифтихоре аз шуҷоату қаҳрамонии гузаштагон сабт гаштааст, ки имрӯз аз онҳо ба некӣ ёд мекунанд. Таърихи миллати куҳанбунёди мо низ аз далериву корнамоиҳои мондагори ниёконамон орӣ нест. Пирӯзӣ бар фашизми истилогар муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ буд, ки дар он фидокориҳои ибратомӯзи падарону бобоёни мо кам набуд. Имрӯз мо бо ифтихор ин санаи муҳимро ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн мегирем ва аз қаҳрамониҳои бузургонамон ёд мекунему меболем.
Агарчи майдони набардҳои хунин аз кишвари мо ҳазорҳо фарсах дур буд, вале пажвоки ҳарбу зарб дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон ба гӯш мерасид. Ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон оилае ёфт намешуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшон ба хотири ҳифзи озодии Ватан аз фашистони истилогар ба майдони ҷанг нарафта бошанд.
Тавре аз оморҳои мавҷуда бармеояд, дар оғози ҷанг аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ яку ним миллион нафар буд. Яъне, бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо – қувваи асосии корӣ ба ҷанг рафтанд. Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон, асосан, кӯдакон ва занону пиронсолон монда буданд, ки тамоми машаққату маҳрумият ва заҳмату вазниниҳоро бар дӯш доштанд. Илова бар ин, аз шумораи умумии ба ҷабҳа рафтаҳо 34,5 фоизашон барнагаштанд.
Аз ин лиҳоз, дар фазои мутантан ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба, махсусан барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ бузург кардани насли ҷавону наврас, нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Вобаста ба ин, Сарвари давлат изҳор намудаанд: "9-уми май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад”. Яъне истиқболи арзандаи Рӯзи Ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишоти инсоният бар ҷангу душманӣ, ваҳшату хунрезӣ ва кибру хусумат аз ҳар лиҳоз хеле муҳим мебошад. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна неруҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Барои онҳое, ки ба сарнавишти Меҳанамон ғамхорӣ доранд, Рӯзи Ғалаба на танҳо ҷашн, балки воқеаест, ки гузаштаро ба ёд меорад, имрӯзро қадр мекунад ва дар бораи оянда меандешад.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.05.2025 №: 87
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН