Тасвиби созишнома байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
Дар пойтахти мамлакат ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар иҷлосия Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Данғара-Гулистон» ва Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи қарзӣ аз 11-уми марти соли 2022 байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо cафири Ҷопон
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои пешниҳоднамудаи хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон табодули афкор сурат гирифт.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Бонки осиёии рушд
Ҳайати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи 58-уми солонаи Бонки осиёии рушд, ки 4-уми май дар шаҳри Милани Италия оғоз ёфт, иштирок дорад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ медиҳад, ки дар доираи он ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти БОР Йингмин Янг, директори генералии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонк Евгений Жуков ва директори иҷроия Викас Шил мулоқот намуд.
Нишасти сатҳи баланди конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокҳолм
Ҳайати Тоҷикистон дар мизи мудаввари вазирон – нишасти сатҳи баланди Конфронси ҷонибҳои конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокҳолм иштирок намуд.
Тавре Сафорати ҷумҳурӣ дар Женева хабар додааст, намояндагони кишвар оид ба дастовардҳои мамлакат, аз ҷумла иҷро гардидани уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди конвенсияҳои мазкурро таъкид намуда, оид ба пайвастшавии кишвар ба Конвенсияи Роттердам аз 25-уми майи соли 2025 маълумот манзур намуданд.
Тоҷикон дар Форуми байналмилалӣ
Намояндагони бахши сайёҳии кишварамон дар шаҳри Чолпон Отаи Қирғизистон дар Форуми байналмилалии «Сайёҳӣ 2030: Осиёи Марказӣ ҳамчун фазои ягонаи сайёҳӣ» ширкат варзиданд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар Форум раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода вобаста ба рушд ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва минтақа, аз ҷумла бо Қирғизистон, ибрози назар намуд.
Тоҷикистон узви Гурӯҳи дӯстони Эътилофи тамаддунҳо
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли Созмон, намояндаи олии Эътилофи тамаддунҳои он Мигел Анхел Моратинос мулоқот дошт.
Намояндагӣ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ номаи расмӣ оид ба аъзои Гурӯҳи дӯстони Эътилофи тамаддунҳои Созмон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мигел Анхел Моратинос супурда шуд.
Вохӯрии Акрам Каримӣ бо раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан ал-Ҳувайзӣ ва ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Аҳмад ад-Дахил вохӯрд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
Форуми сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон
5-уми май дар шаҳри Шероз бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҳар ду давлат ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистону Эрон Форуми сармоягузорӣ гузашт.
Дар Форум муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода ва устондори Форси Эрон вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон сухан гуфтанд.
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ