ДУШАНБЕ. ИФТИХОРИ МАНУ МО

06 май 2025, Сешанбе
9
Воқеан, Душанбеи имрӯза аз Душанбеи даҳ сол қабл бакуллӣ фарқ мекунад. Имрӯз биноҳои зебову замонавӣ, боғу гулгаштҳои дилфиреб, марказҳои дилхушӣ пойтахти кишвари азизамонро ба яке аз шаҳрҳои зебои ҷаҳон табдил додаанд.
Гоҳо мо – бошандагони пойтахт, аз беаҳамиятӣ ва ё чизи дигар аз маконҳои дидании пойтахт бебаҳра мемонем. Чанде пеш хоҳарам аз деҳ омаду бо ҳавас аз боғу гулгаштҳо ва зебоиҳои шаҳр сухан карда, хоҳиш намуд, ки ба сайр бароем. Бо ҳам ба Боғи фарҳангу фароғатии Аҳмади Дониш рафтему ман, ки бори аввал ба он қадам ранҷа кардам, мафтуни ин макони зебо шудам.
Дар баробари даҳҳо макони дидании пойтахт, Боғи фарҳангу фароғатии Аҳмади Дониш яке аз зеботарин маконҳои шаҳр буда, ҳар рӯз садҳо нафар ба хотири истироҳат ба ин ҷо меоянд.
– Агарчи имрӯз дар пойтахтамон боғу гулгаштҳо ва маконҳои дилхушӣ хеле зиёданд, сайр дар ин боғ бароям одат шудааст, – иброз дошт Гулафзо Ниёзова, сокини пойтахт. – Мо бо аҳли оила ҳар шом ба ин ҷо меоем. Кӯдакон бозӣ карданро дар ин ҷо зиёд дӯст медоранд. Тамошои гулу буттаҳо ва нафас гирифтан аз ҳавои тозаву гуворои ин макон бароям ҳаловат мебахшад. Мо – сокинони пойтахт, аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ миннатдорем, ки пойтахти Ватани маҳбубамон бо қомат афрохтани иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла гулгашту хиёбонҳо ва фароғатгоҳҳо сол ба сол зеботар гардида, шукӯҳу назокаташ меафзояд.
Боиси тазаккур аст, ки бунёди Боғи фарҳангу фароғатии Аҳмади Дониш моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар майдони наздик ба 3 гектар оғоз ёфта, 25-уми сентябри соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тибқи дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Сарвари давлат, дар Боғ қариб 1000 бех дарахти нодири сояафкану ороишӣ, ки бештарашон аз хориҷи кишвар ворид гаштаанд, шинонда шудааст, ки айни ҳол ин маконро шабеҳи боғи афсонавӣ гардонда, ҳар бинандаро мафтун месозад.
Ин ҳама заҳмату талошҳои шабонарӯзии гулпарварон ва нигаҳбонони боғ аст, ки чанде пеш он дар Фестивали «Сайри гули лола» дар номинатсияи «Боғҳои фарҳангу фароғатӣ» сазовори ҷойи аввал гардид.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89