ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

07 май 2025, Чоршанбе
23
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ифтихори 80-солагии Ғалаба, ёрипулии якдафъаинаи Пешвои миллат тақдим мегардад.
Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат хабар дод, ки барои ҳар кадом иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Масъулон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулиҳои ҷудошударо то 9-уми май ба ҳар собиқадори ҷанг хоҳанд расонд.
Дар баробари ин, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, ба ҳар яке аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 25 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бо қарори раиси вилояти Суғд бошад, барои расондани ёрии яквақтаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ 438000 сомонӣ ҷудо гардид. Ёрии яквақта ба 2 нафар иштирокчии ҷанг, ба ҳар яке 15000 сомонӣ ва ба заҳматкашони ақибгоҳ, ки 51 нафаранд, ба ҳар кадом 8000 сомонӣ дастрас хоҳад шуд. Бино бар иттилои Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, ҳоло дар вилояти Хатлон 8 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5, Суғд 2 ва шаҳри Душанбе 2 нафар собиқадорони ҶБВ дар қайди ҳаётанд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90