МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН

07 май 2025, Чоршанбе
15
Дар шаҳри Шероз аз 5 то 7-уми май ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Сипас, намояндагони Хадамоти гумруки ҳар ду кишвар мулоқоти судманд анҷом доданд.
Ҷониби Тоҷикистонро дар он муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Турсунзода Азим Ҳайдар намояндагӣ кард. Аз ҷониби Эрон бошад, муовини раиси Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Абулфазл Акбарпур иштирок намуд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, мудири кулли гумруки вилояти Форс Аюб Зораӣ ва муовини сардори раёсати байналмилалии Маъмурияти гумруки Эрон, масъули ҳамкориҳо бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалол Маҳмудӣ ширкат варзиданд.
Зимни музокирот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории гумрукӣ, аз ҷумла такмили механизмҳои мубодилаи иттилооти гумрукӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо ва қочоқ, инчунин содагардонии расмиёти гумрукӣ дар чаҳорчӯби густариши тиҷорати хориҷӣ, мубодилаи афкор намуданд.
Изҳор гардид, ки ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои амалӣ, рушди мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва ҳамоҳангсозии чораҳо дар амалиёти назорати гумрукӣ ҷонибҳо омодагии комил доранд.
Дар фарҷом тарафҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳои амалии гумрукиро таъкид карданд ва барои татбиқи иқдомоти мушаххас ба манзури содаву муассир гардондани расмиёти гумрукӣ, инчунин, рушди тиҷорати хориҷӣ миёни ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
«СОМОН ЭЙР» ПАРВОЗҲОРО БА ШАРМУШШАЙХ РОҲАНДОЗӢ МЕНАМОЯД
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо ширкати "АНТАРЕС" (FLY.TJ) парвозҳои мустақимро ба шаҳри Шармушшайхи Миср оғоз менамояд. Роҳандозии хайтсайри мазкур дар рушди робитаҳои тиҷоративу сайёҳии Тоҷикистону Миср иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад ва парвози аввалин дар ин самт 11-уми май сурат мегирад.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба: рӯзҳои якшанбе тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Шармушшайх 5 соату 30 дақиқа ва бозгашт 5 соатро ташкил медиҳад. Хатсайри мазкур барои сайёҳони тоҷикистоние, ки мехоҳанд аз соҳилҳои гарми баҳри Сурх, олами аҷиби зериобӣ ва хизматрасониҳои беҳтарин дар истироҳатгоҳҳои Миср баҳра баранд, имконияти хубу муносибро фароҳам меорад. Иҷрои парвозҳо дар натиҷаи ҳамкориҳои самаранок бо ширкатҳои сайёҳӣ имконпазир гардидааст.
Бино ба гуфтаи директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Абдулқосим Валиев, оғози парвозҳо ба Шармушшайх қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо мебошад ва итминон аст, ки ин хатсайр ба афзоиши ҷараёни сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.
Аз пешниҳоди имкониятҳои бештари ҷаҳонгардӣ ба мусофиронамон хушҳол ҳастем ва умедворем дар оянда талаботи аҳолӣ ба парвозҳои самти Шармушшайх зиёд хоҳанд шуд.
Мусофирон ҷиҳати хариди бастаҳои сайёҳӣ метавонанд ба ҶДММ "АНТАРЕС" (FLY.TJ) бо рақамҳои +992 (900) 55-90-09; 11-33 муроҷиат намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90