7 МАЙ. РӮЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА АЛОҚА ТАНТАНА ДОШТ

08 май 2025, Панҷшанбе
21
7-уми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ба табрики кормандони соҳа ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода, муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода омаданд.
Абдулло Раҳмонзода зимни суханронӣ иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи алоқа ва телевизиону радио рушд намуда, чандин телевизион ва радио ба фаъолият шуруъ намуданд.
Дар идома Носир Саидзода изҳори умед намуд, ки бо фароҳам гардидани тамоми шароит ва имконоти моддию техникӣ, минбаъд низ соҳаи телевизиону радио рушд карда, барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои саривақтӣ таҳия мегарданд.
Таъкид шуд, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи телевизион ва радио барои рушд ва тавсеаи инфрасохтори техникӣ, беҳтарсозии муҳтаво ва баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳову лоиҳаҳо барномаҳои давлативу стратегияҳои муҳимро амалӣ намуд.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 104 шабакаи телевизион ва радио, аз ҷумла 15 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 39 телевизиони хусусӣ, 24 радиои хусусӣ ва 16 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият мекунанд, ки дар ғанӣ гардондани фазои иттилоотии миллӣ саҳм мегузоранд.
Сипас, ба муассисаҳои тобеи Кумита ва кормандони фаъол мукофот тақдим гардида, барномаи фарҳангӣ манзур шуд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91