ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

12 май 2025, Душанбе
8
7-уми май намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода барои аёдат ва табрики иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Раҷаб Усмонов, сокини деҳаи Ҳаёти Нав ва Карим Рашид, истиқоматкунандаи деҳаи Шоҳамбарӣ рафта, ба онҳо туҳфаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (50 000 сомонӣ ба ҳар як иштирокчӣ) ва туҳфаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро (10 000 сомонӣ ба ҳар нафар) тақдим намуданд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ба муносибати 80-солагии Иди Ғалаба самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори ободу пурфайзу баракат, хотири болида ва дар фазои кишвари маҳбуб – Тоҷикистон пойдории сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонаро таманно намуданд.
Зикр гардид, ки заҳмат, қаҳрамониву ҷонфидоӣ ва дар ҳифзи Ватан ҷоннисориҳои абармардони шуҷоъ буд, ки мо имрӯз ба ин ваҳдати миллӣ расидем, сулҳу субот танинандоз гашт, мамлакати азизамон ободу зебо ва рушду нуму дорад. Арҷгузорӣ ба корнамоиҳои иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнат вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Махсусан, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагонии иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат пайваста ғамхорию тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Дар навбати худ, иштирокчиёни ҷанг низ аз дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат изҳори хушнудӣ карда, бо дуову дуруд саломатии бардавом, хушбахтию саодатмандии оилавӣ, дар сиёсати созандаву ободкорона ва фаъолияти пурмасъули давлатии Роҳбари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.05.2025 №: 92