ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ «НАВРӮЗ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

12 май 2025, Душанбе
13
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо иштироки ҳайатҳои театрии давлатҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Боиси ёдоварист, ки Фестивал намояндагони мактабҳои театрӣ ва фарҳангҳои мухталифро аз 2-юм то 6-уми май дар як саҳна ҷамъ овард.
Дар сухани ифтитоҳи хеш муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз дошт: «Баргузории Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ба таҳкими робитаҳои фарҳангии давлатҳо, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани замина барои табодули таҷриба нигаронда шудааст. Инчунин он ба ҳифз ва рушди санъати театрӣ мусоидат менамояд».
Тавре вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён иброз намуд: «Ин чорабинии фарҳангӣ боиси хушҳолии аҳли санъати халқи тоҷик аст, зеро имрӯз ин Фестивал дӯстдорони санъати театрро аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷамъ овард. Театри тоҷик солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ноил гардид. Рӯйи саҳна овардани намоишҳои хотирмон, ки имрӯз аз ҷониби тамошобин хуш қабул гардид, далели ин гуфтаҳост».
Хамчунин, дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина, такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ баргузор мешавад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тули як ҳафта ҳангоми баргузории Фестивал дар театрҳои пойтахти Ватани маҳбубамон намоишҳои «Одоби шикори рӯбоҳ»-и Театри Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Никоҳи пинҳон»-и Театри давлатии академии мусиқии бачагонаи Москва ба номи Наталя Сатс, “Тазарв”-и Театри давлатӣ-драмавии Арманистон, “Баҳодури рӯйинтан”-и Театри давлатии драмавии шаҳри Самарқанд, “Гарнири франсавӣ”-и О. Фелсмани Театри академии мусиқӣ-мазҳакавии Қазоқистон, «Достони Сиёвуш»-и Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ манзури бинандагон шуданд.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
ФАЙЗОБОД. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ДОИРАИ ЯК ҲАМОИШ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неруи барқ дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки тибқи тағйироти ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ истеъмолкунанда ба ҷавобгарӣ (ҷарима ва ё аз озодӣ маҳрум) кашида мешавад. Аз ин хотир, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки аз неруи барқ ва гармӣ самаранок истифода бурда, дар баробари ин, маблағи истифодаи онро сари вақт супорад.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода гуфт, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ, расондани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ мунтазам байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд.
Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки неруи барқ, пардохти саривақтии маблағ ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Аз гурӯҳҳои тарғиботӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои истифодаи самараноки барқ ва гармӣ байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шаванд.
Дар ҳамоиш ба сокинон усулҳои сарфаи неруи барқ ва талаботи қонунгузорӣ барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ фаҳмонда шуд.
Изҳор гардид, ки сарфаю сариштакории неруи барқ ба манфиати мардум буда, ба ғанӣ гардидани буҷети оилаҳо ва давлат мусоидат менамояд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.05.2025 №: 92