ХАТЛОН. ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

13 май 2025, Сешанбе
12


Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, ба аёдат ва табрики онҳо рафт.
Раиси вилоят дар деҳаи Пахтаободи деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Розиқ Қосимов ва дар шаҳри Бохтар Зайнулло Алиевро аёдат намуд. Сипас, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яке бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва аз раиси вилояти Хатлон 10 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия ва дигар сохторҳои марбута низ ба иштирокчиён ёриҳои пулӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо медали “80-солагии Ғалаба” тақдим гардид. Розиқ Қосимов ва Зайнулло Алиев зимни суҳбат бо раиси вилоят бо шукргузори аз фазои осудаи Ватани маҳбуб аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Хатлон айни ҳол 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд, ки калонсолтарини онҳо дар шаҳри Бохтар буда, 102-сола мебошад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94