ҲОШИМ ГАДО. РӮНАМОИИ 1000-УМ ҶИЛДИ КИТОБИ УСТОДИ СУХАН ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 88-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, профессор Ҳошим Гадо маҳфили фарҳангию адабӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ, ки бо иштироки аҳли фарҳанг, рӯзноманигорон, ҳунармандон ва дӯстдорони синамо доир гардид, 1000-умин китоби ин шахсияти маъруф рӯнамоӣ шуд.
Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафар зимни суханронӣ ба паҳлуҳои амиқи андешаву ҳикматҳои ниҳон дар осори Ҳошим Гадо таъкид карда, пешниҳод дошт, ки ба номи ин ҳунарманди нотакрор ҷоизаи махсус таъсис дода шавад.
Дар идома дигар ширкатдорон аз хотираҳои худ бо Ҳошим Гадо қисса карданд.
Ҳошим Гадо зимни суханронӣ барои ташкили чорабинӣ ба маъмурияти Китобхонаи миллӣ изҳори сипос намуд. Ӯ хотираҳои худро аз фаъолияти синамоӣ ва сафарҳои ҳунариаш баён карда, инчунин, мухтасари баъзе асарҳояшро нақл намуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳошим Гадо бо иҷрои нақшҳои хотирмон дар таърихи театру синамои тоҷик ва тамоми фазои фарҳангии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ нақши муҳим бозидааст. Содиқ аз «Суруди кӯҳсор»-и Ғ. Абдулло, Лолаев аз «Иродаи зан»-и А. Сидқӣ, Фердинанд аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Маркандал аз «Модарандар»-и Балзак, Хлестаков аз «Муфаттиш»-и Гогол, Ҳамлет аз «Ҳамлет»-и Шекспир, Дон Жуан аз «Фоҷиаҳои хурд»-и А. Пушкин, Абуалӣ ибни Сино аз «Ҷавонии Сино»-и Сотим Улуғзода, Несчастливсев аз «Ҷангал»-и Н. Островский, Иброҳимбек аз «Тӯфон»-и Ғ. Абдулло, Девона аз «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Карим, Абдулатиф аз филми «Ситораи Улуғбек» («Ӯзбекфилм»), Суҳроб аз филми «Рустам ва Суҳроб» («Тоҷикфилм»), Агат Мара аз филми «Набарди се шоҳ» (истеҳсоли Марокаш, Италия, Испания, Амрико, Ӯзбекистон), Ғӯрак аз филми «Суғдиён» (истеҳсоли Алҷазоир, Ӯзбекистон), Садриддин аз филми «Зане аз роҳи дур» («Тоҷикфилм»), Ғазан аз филми «Шуълаи гулханҳои хомӯш» («Озарбойҷонфилм») номгӯи нопурраи нақшҳои офаридаи Ҳошим Гадо дар тетар ва синамост.
Ҳошим Гадо муаллифи ҳазор ҷилд китоб буда, 10 ҳазор нусхаи онро ба китобхонаҳои кишвар туҳфа кардааст.
Ҳ. ДИЛНОЗ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94
