Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб

14 май 2025, Чоршанбе
15
13-уми май дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб Валид Шимлон ал-Баҳар баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷараёни тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Фондро дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, барқарорсозии шабакаҳои барқиву обёрӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Сафари гурӯҳи кории Ҳукумат ба ноҳияи Мастчоҳ
Гурӯҳи кории Ҳукумат бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла сабзиши ниҳоли пахта ва вазъи таъминот бо оби полизӣ, шинос гардид.
Ба хабарнигори минтақавии мо аз МИМҲД-и ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, ки гурӯҳи корӣ бо ҳолати сабзиши пахта, сатҳи иҷрои коркарди байни қаторҳо ва таъмин бо оби полизӣ дар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон ошноӣ пайдо намуд.
Зимни суҳбат бо роҳбарон ва мутахассисони хоҷагиҳои пахтакор оид ба тақсими одилонаи об, таъмини техникӣ ва истифодаи технологияҳои муосири обёрӣ тавсияҳо дода шуд.
Мулоқот бо муовини дабири кулли ИДМ
13-уми май муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода муовини дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимовро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба мо дар Вазорат тавзеҳ доданд, ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ-ро, ки 4-5-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Душанбе мизбони Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи «CASA-1000»
13-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории муштарак ва Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» баргузор гашт.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба мо иттилоъ доданд, ки дар он ҳайатҳои расмии аъзои лоиҳа, коршиносон, намояндагони шарикони рушд ва дигар намояндаҳо иштирок менамоянд.
Иштирокдорони ҷаласа, ҳамзамон, бо зеристгоҳи конветорӣ бо иқтидори 1300 мВт дар мавзеи Сангтӯда ва НБО «Норак» шинос мешаванд.
Нахустин нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин
12-уми май дар шаҳри Урумчи нахустин нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.
Дар ҳошияи ин нишаст маросими ифтитоҳи якчанд лоиҳаи муҳими муштарак, аз ҷумла таъсиси Паймони ҳамгироии истеҳсолот ва таҳсилоти «Чин – Осиёи Марказӣ», ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии такмили ихтисоси омӯзгорон, ташкили озмоишгоҳҳои лабораторияҳои муштараки илмӣ ва имзои чандин ёддошту созишномаҳо байни муассисаҳои таълимии давлатҳо баргузор гардид.
Вохӯрии роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода
12-уми май дар Шанхай вохӯрии 8-уми роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақаҳои наздимарзии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти огоҳӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар навоҳии наздисарҳадӣ, баланд бардоштани омодагӣ ба вокуниш ба хатарҳои фаромарзӣ, такмили механизмҳои табодули иттилоот ва баргузории машқҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95