КӮШОНИЁН. АВЛАВИЯТ БА ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

14 май 2025, Чоршанбе
15
2-юми май дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки прокурори ноҳияи Кӯшониён Сайдалӣ Бобозода оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар баромади худ Сайдалӣ Бобозода иброз дошт, ки яке аз омилҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, инчунин фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум, бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ба шумор меравад, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо ҳамарӯза тадбир меандешад. Сарфи назар аз чораҳои андешидаи масъулони соҳа, вазъ дар ин самт ташвишовар мебошад. Бо таҳлилу санҷишҳои прокурорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳолатҳои зиёди дуздии қувваи барқ, тасарруфи маблағҳои ҳаққи истифодаи қувваи барқ, ғайриқонунӣ аз эътибор соқит кардани қарздории муштариён, беасос иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ, аз нишондоди воқеӣ кам нишон додани ҳаҷми қарздории муштарӣ, бо ғараз ва манфиатдорӣ сохтакорона омода намудани санадҳои қоидавайронкунӣ ва аз эътибор соқит кардани ҳисобкунаки барқӣ, худсарона пайваст шудан ба хатҳои шабакаҳои барқӣ, бо ҷалби мутахассис (айтишникҳо) ба барномаи биллингӣ ва ҳисобкунакҳои барқӣ ворид кардани тағйирот оид ба кам намудани ҳаҷми истифодаи қувваи барқ ошкор шудааст.
Ба ин монанд қонунвайронкуниҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён низ ба мушоҳида расида, қарзи истифодабарандагони қувваи барқ афзоиш ёфтааст, ки боиси нигаронист.
– Мақсади вохӯрӣ ва ҷамъомади имрӯза аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванд, сардори оила, инчунин шахсони мансабдор ва дигар истифодабарандагони қувваи барқ аз қабул гардидани тағйиру иловаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор гашта, талаботи нави қонунгузории аз 15-уми апрел амалкунандаро, ки расман шинос карда шудаанд, қатъӣ риоя намоянд ва ба қонунвайронкунӣ роҳ надода, ҳаққи истифодаи қувваи барқро сари вақт пардохт намоянд, таъкид шуд дар ҳамоиш.
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95