ФОТЕҲ НИЁЗӢ. САРБОЗИ ХОМАБАКАФ

14 май 2025, Чоршанбе
4
Фотеҳ Ниёзӣ, муаллифи асарҳои машҳури ҷангии «Вафо» (1949), «Димаи диловар» (1957), «Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг» (1962), «Одамон ва мулоқотҳо» (1964), «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» (1975) ва «Сарбозони бесилоҳ» (1986) соли 1914 дар Самарқанд ба дунё омад. Ӯ азбаски таҷрибаи кор дар матбуотро дошт ва муддате дар “Тоҷикистони сурх” фаъолият бурда буд, дар майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам ин фаъолиятро идома дод.
Адиби ҷанговар ва ҷангноманавис Фотеҳ Ниёзӣ соли 1941 бо ихтиёри хеш ба ҷанг меравад ва дар муҳорибаҳои Сталинград иштирок менамояд. Яке аз нависандагони номвари мост, ки дар ҷанг то охирин рӯзҳо ширкат дошт. Дар марҳалаи аввали муҳорибаҳо камон дар даст дошт, аммо барои ҳамсангарону артиши шуравӣ бештар қаламаш зарур омад ва ӯро ба кори матбуот ҷалб намуданд. Фотеҳ барои фатҳи қуллаи пирӯзӣ бар фашизм қаламро камон кардаву дар тан либоси низомӣ дар бораи ҷанговарони бузургу ҷонфидо мақолаҳо менавишт.
Ҳамчун агитатор-тарғибгар, муҳаррири масъули рӯзномаи “За Родину!”, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Красноармейская правда” фаъолият мебарад. Баъди хатми ҷанг дар соли 1945 ҳам адиб дар хидмати қалам дур аз Ватанаш буд. Пас аз анҷоми ҷанг ҷонишини муҳаррири рӯзномаи округи ҳарбии Туркистон – “Фрунзоветс” таъин гардид. Дар охирҳои соли 1949 ба Тоҷикистон баргашта, муҳаррири маҷаллаи “Шарқи сурх” (ҳоло “Садои Шарқ”) мешавад.
Ҳаводиси ҷангии дидаашро дар ду романи бузург «Вафо» ва «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» бо маҳорати баланди ҳақиқатнигорӣ тасвир кардааст. Дар ҷанг ҳам бо силоҳ ҷангид ва ҳам бо сухан. Бавижа, маҷмуаи очеркҳои нағзи адиб “Интиқоми тоҷик” аз ҳақиқатҳои талхи ҷанг қисса мекунад ва онро метавон як навъ силсилафилми низомӣ гуфт.
Ду сол ҷонишини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Совети Вазирони Тоҷикистон ҳам будааст. Фотеҳ Ниёзиро ҳамчун пайванди Комиссияи марказии адабиёти ҳарбии бадеии Иттифоқи нависандагони ИҶШС дар 15 кишвар мешинохтанд ва эҳтиром доштанд. Барои театр ва кино ҳам асарҳои хуб офарида, дар ин равия ҳам дастболо буда.
Асарҳояш ба забонҳои хитоӣ, полякӣ, олмонӣ, чехӣ, булғорӣ, англисӣ, урду тарҷума ва чоп шудаанд. Ба ин чанд ҷумлаи романи “Вафо” таваҷҷуҳ фармоед: “Дили Сафар беқаророна метапид, вале ӯ бо пурсабрӣ аз пулемёт тир накушода, бештар наздик омадани фашистонро мунтазир мешуд. Ба вай чунин менамуд, ки немисҳо гӯё аз ҷояшон намеҷунбанд. Ангушти шаҳодати вай, ки дар куланги пулемёт буд, аз беҳаракатӣ шах шуда монда буд. Ана, ҳозир фурсаташ омад! Сафар кулангро зер кард, пулемёт ба кор даромада, дар зери дасти соҳибаш беист меларзид”.
Маҳз барои ҳамин роман нависанда барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.
Фотеҳ Ниёзӣ соҳиби чандин медалу орденҳои низомӣ, соҳавӣ, давлатӣ буда, яке аз кӯчаҳои Душанбе ва як муассисаи таълимии ноҳияи Ёвон номи адибро доранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95