АШТ. КИШОВАРЗОН ДОНИШИ НАЗАРИЯВИИ ХУДРО ТАКМИЛ МЕДИҲАНД
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва баланд бардоштани боздеҳии он, афзоиши даромаднокии хоҷагиҳо ва дигар масъалаҳои марбут, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории кишвар, дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд.
Бо мақсади фаро гирифтани мутахассисон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонишҳои зимистона дар мавзуи «Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани таъсири он дар истеҳсолоти кишоварзӣ» ба нақша гирифта шуда, мавриди татбиқ қарор доранд. Дар доираи ин иқдом, бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ноҳия Ашт, дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки гурӯҳи мутахассисони соҳа аз маркази кишвар, бозомӯзии навбатӣ баргузор гардида, дар он роҳбарон ва мутахассисони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷараёни бозомӯзӣ мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла «Татбиқи усулҳои маҷмуавии мубориза бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо дар соҳаи кишоварзӣ», «Технологияи парвариш ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ», «Рушди боғу токпарварӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Технологияи муосири парвариши пахта: парвариш, ҷамъоварӣ, даромад, фурӯш ва коркард. Мушкилоти соҳаи пахтакорӣ ва пешниҳоди навъҳои серҳосили селексияи пахтаи ватанӣ ва хориҷӣ», «Парвариши чорвои калону майдаи шохдор дар вилояти Суғд», «Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва «Маданияти истифодабарии техника ва технология ҳангоми корҳои саҳроӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода низ иштирок ва суханронӣ кард.
Дар анҷом таъкид гардид, ки тавсияву маслиҳатҳои илмиву амалӣ аз ҷониби масъулин ва иштирокдорон мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, ҷиҳати татбиқи минбаъда дар фаъолияти амалии соҳаи кишоварзӣ истифода хоҳанд шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
