Вакилони тоҷик дар Конфронси Иттиҳоди парламентии СҲИ

16 май 2025, Ҷумъа
15
14-уми май дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта, иҷлосияи 19-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гашт, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар ҳошияи иҷлосия вохӯрии аъзои кумитаҳои Иттиҳод оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, фарҳанг, тамаддун ва дин, иқтисод ва ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон, занон ва оила баргузор гардид.
Ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ
Тавре хонандагони «Ҷумҳурият» иттилоъ доранд, ҳайати ҳукуматии кишварамон дар Давлати Кувайт бо сафари расмӣ қарор дорад. Дар доираи ин сафар мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода бо вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисод ва сармоягузории Кувайт Нура Сулаймон ал-Фассом доир гардид.
Тавре ба мо дар Вазорати молия тавзеҳ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омодагӣ ба ҷаласаҳои солонаи БИР
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии намояндагони кишварамон бо мудири амалиёти кишварии гурӯҳи Бонки исломии рушд Алӣ Муҳаммад Хон баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагӣ ба ҷаласаҳои солонаи Бонкро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи БИР дар мамлакат ва лоиҳаҳои афзалиятноки дар марҳалаи баррасӣ қарордоштаи он таҳлил шуда, масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтор, энергетика, обёрикунӣ ва маориф мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои имтиёзноки иқлимӣ
Дар шаҳри Лондон муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба масъалаҳои сиёсат ва шарикӣ Марк Боуман суҳбат дошт.
Тавре аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои имтиёзноки иқлимӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергияи барқароршаванда, идоракунии захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.
ТОҶИКИСТОН ВА ҶОПОН
Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика
Таҳкими ҳамкориҳо дар бахши энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута баррасӣ гардиданд.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи равобит, табодули таҷриба ва ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки энергетикӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 97