ДУШАНБЕ. ҶАЛАСАИ XI ШУРО ОИД БА СИЁСАТИ САНОАТИИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

16 май 2025, Ҷумъа
83

4-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи XI Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди мазкур ва нахустин мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Барои иштирок дар нишастҳо вазирони соҳавии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия ва ҳамчун меҳмон Ҷумҳурии Озарбойҷон даъват шуда, ҷаласаҳо таҳти раисии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд.
Зимни раёсати Тоҷикистон дар ИДМ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои иштирокдори ИДМ дар рушди соҳаҳои саноати мошинсозии вазнинро таҳия намуд. Пас аз мувофиқа, он ба рӯзномаи ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид шуд.
Баргузории нахустин мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 9-уми августи соли 2024 дар Остона баргузор шуда буд, пешниҳод гардид.
Дар назар аст, ки вазирони саноати Осиёи Марказӣ вазъ, дурнамои рушди ҳамкорӣ ва татбиқи нақшаҳои пешбинишударо дар соҳаи саноат бо назардошти иқтидори мавҷудаи захираҳои табиӣ ва таҷрибаи иштироки муштарак дар амалисозии лоиҳаҳои бузурги иқтисодии минтақавӣ, роҳҳои таҳкимбахшии иқтидори истеҳсолӣ, имконоти эҷоди шарикии устувор ва инноватсионии саноатиро дар асоси технологияҳои пешрафта муҳокима намоянд. Дар поёни мулоқот имзои санади ниҳоӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи саноатӣ ташкил карда мешавад, ки дар он иқтидори саноатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта хоҳад шуд.
Дар ин бора зимни вохӯрие, ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав вобаста ба омодагӣ ба ин ҷаласа доир гардид, маълумот доданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.05.2025 №: 97