ИМЗОИ ПРОТОКОЛ ОИД БА МУБОДИЛАИ МАЪЛУМОТИ ПЕШАКИИ ГУМРУКӢ

23 май 2025, Ҷумъа
19
Дар доираи сафари кории ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Алмаато ҷиҳати иштирок дар мулоқоти дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, гуфтушуниди дуҷониба бо роҳбарияти Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Гуфтушуниди мазкур таҳти раёсати сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Жандос Жумабаевич Дуйсембиев сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо мушкилиҳои ҷойдошта дар самти транзити байни кишварҳоро матраҳ намуда, якчанд ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниро ба таври мисол муҳокима карданд ва ба хулоса омаданд, ки вобаста ба ҳалли мушкилоти мавҷуда гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад ва механизми ҳамкориҳои мутақобилан судманд таҳияву роҳандозӣ гардад.
Дар натиҷа, тарафҳо шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукиро имзо намуданд, ки ин иқдом тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маъмурияти гумрукӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот бо мақсади таҳлили саривақтӣ ва арзёбии хавфҳо ҳангоми интиқоли молҳо, тақвияти иқтидори транзитӣ, содагардонии расмиёт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки ду давлат мутобиқи стандартҳои байналмилалиро инъикос менамояд.
Тарафҳо иброз доштанд, ки тавофуқи бадастомада ба тақвияти эътимоди мутақобила ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
“МАҶМААИ ХУТАЛОН”. ҲАМОИШИ МУҲИМ БО ИБТИКОРИ БМТ
Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон “Маҷмааи Хуталон” ҷаласаи ду гурӯҳи кории Алянс барои фарогирии молиявӣ (AFI) - хизматрасонии молиявии рақамӣ (DFSWG) ва стратегияи фарогирии молиявӣ (FISPLG) бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои аъзои AFI ва мақомоти идоракунии соҳаи молия доир гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар маросими ифтитоҳ ҳамоишро платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкории байналмилалӣ унвон карда, иброз дошт: “Барои мо шарафи бузург аст, ки мизбони ин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ ҳастем, зеро мавзуъҳои мавриди баррасӣ, яъне густариши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва таҳкими стратегияи фарогирии молиявӣ ҷузъи муҳими рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд”.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони шомил шудан ба AFI соли 2011 дар самти фарогирии молиявӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ислоҳоти густурда, муосирсозии бахши молия, рушди рақамикунонӣ ва дастгирии фарогирӣ, хусусан барои занон, ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир, аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбанд. Фарогирии молиявӣ имрӯз василаи муҳими зиёд намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ, тараққии устувор, беҳбуди муҳити тиҷоратӣ, таҳкими ҳимояи иҷтимоӣ ва рушди захираҳои инсонӣ ба ҳисоб рафта, мубодилаи донишу таҷриба оид ба бунёди низомҳои фарогир ва устувори молиявӣ ҷиҳати такмили ҳамкориҳои минтақавӣ, навовариҳои техникӣ ва татбиқи амалии онҳо аҳамияти калон дорад.
Дар идома директори барномаҳои сиёсат ва ташаббусҳои минтақавии AFI Элики Болетава дар хусуси дастовардҳои кишварҳои аъзо дар самти дастрасӣ ба фарогирии молиявӣ сухан намуда, изҳор дошт, ки ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ имкон медиҳанд, ки иштирокдорон бо таҷрибаи ҳамдигар аз наздик шинос гардида, барои бунёди низомҳои фарогир ва устувори молиявӣ дар кишварҳои худ аз амалияи пешрафта ва навовариҳои муосир истифода баранд.
Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории AFI дар баробари заминагузорӣ ба таҳкими ҳамкорӣ, рушди сиёсати фарогирии молиявӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ миёни кишварҳои аъзо, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъоли шабакаи байналмилалии фарогирии молиявӣ муаррифӣ мекунанд.
Як нуқта боиси зикр аст, ки AFI иттиҳоди пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳияву татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ буда, фаъолияти он ба пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ дар кишварҳои аъзо равона гардидааст.
Бонки миллии Тоҷикистон узви ҳашт гурӯҳи кории AFI мебошад. Гурӯҳҳои кории AFI дар самти омори фарогирии молиявӣ, стандартҳои байналмилалии назорат, омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои миллии фарогирии молиявӣ, хизматрасонии молиявии рақамӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, дастрасӣ ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва сабз фаъолият мебаранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
МАСТЧОҲ. ОБОДИИ НОҲИЯ САМАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИСТ!
Имрӯз самари даврони соҳибистиқлолиро дар ҳамаи самтҳо: сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишии мамлакат бармало мушоҳида мекунем. Махсусан, баъди пойдории сулҳу суботи бардавоми мамлакат, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, дар кишвар корҳои ободонию созандагӣ авҷ гирифта, сатҳи зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар мешавад.
Бӯстон чун шаҳраки маркази ноҳияи Мастчоҳ маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба марказ монанд мешаваду ободу ҷолиб. Бӯстон, воқеан, бо доштани ҳама намуди инфрасохтор – қасри фарҳанг, толори бузурги варзишӣ, майдони марказӣ бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, боғи фарҳанг таваҷҷуҳи сокинону меҳмононро ҷалб мекунад.
Инак, дар шаҳрак боз як марҳалаи нави ободонӣ – бунёди манзилҳои 9-10 ошёна ва, умуман, на кам аз панҷошёна оғоз меёбад.
– Маврид ба зикр аст, ки маркази ноҳия, яъне шаҳраки Бӯстон, мувофиқи нақшаи генералӣ, ки 29-уми ноябри соли 2017 тасдиқ шудааст, бояд ба тамоми талаботи шаҳраки муосир ҷавобгӯй бошад, – иброз медорад Хурсандмурод Солеҳов, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Мастчоҳ. – Бинобар ин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан раиси ноҳия Аъзамҷон Ализода тақозо дорад, ки Бӯстон дар ин солҳо бояд дар ҳама самтҳо чеҳранамоӣ дошта, рушд кунад. Ҳоло равнақи иқтисодиёти ноҳия аз он бозгӯйӣ мекунад, ки Мастчоҳ солҳои наздик аз минтақаи сирф кишоварзӣ ба саноатию кишоварзӣ табдил хоҳад ёфт.
Ҳозир таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи ободонӣ, бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона шудааст. Ба ин муносибат, тибқи нақшаи чорабинии тасдиқшуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмон ва таъмиру навсозии 735 иншооти дорои аҳамияти гуногун идома дорад. Аз ҷумла, беморхонаи марказӣ бо тамоми шароити табобатӣ, варзишгоҳ, мактаби замонавӣ дар шаҳраки Бӯстон барои 240 хонанда, кӯдакистон дар маҳаллаи Ганҷобод, қасри фарҳанг дар деҳоти Палдарак, коргоҳҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва даҳҳо иншооти муҳим бунёд шуда, роҳҳои дохили ноҳия таъмиру навсозӣ мешаванд, ки симои шаҳраку ҷамоатҳоро ба хубӣ дигар мекунанд.
Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон чандин биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои савдо бо тарҳи замонавӣ қомат рост хоҳанд кард, ки дастовези идонаи шаҳрсозон ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хоҳад буд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.05.2025 №: 103